БА СӮИ АРЗИШҲОИ ВОЛОИ БАШАРӢ

Имсол ба баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур шуд, ки он аз 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор гардида, дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин ҳамчун Иҷлосияи сарнавиштсоз сабт гардид.

Иҷлосия дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатии навини тоҷикон, хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва раванди сулҳу ваҳдат дар сарзамини Тоҷикистон нақши хеле боризе гузошт. Маҳз ҳамин иҷлосия буд, ки манфиатҳои умумимиллӣ боло гирифта, қувваҳои солими ҷомеа гирди Ҳукумати қонуни муттаҳид гаштанд. Рисолати таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ боз аз он иборат аст, ки сохтори конститутсиониро барқарор карда, хатари пош хӯрдани Тоҷикистонро аз байн бурд, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамонро муайян намуд.

Халки тоҷик бо дастгириву роҳнамонҳои Пешвои миллт, Сарвари худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фардои дурахшон бо дили пур раҳсипор гашта, ба имрӯзи нек, ин айёми бунёдкориҳо расид. Яъне Иҷлосияи тақдирсоз бо Истиқлолияти давлатии мо дар як сатҳ ва дар як поя қарор дорад. Агар Эъломия мустақиллият ва мавҷудияти давлатро бо номи Тоҷикистон эълон карда бошад, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон давлати тозаистиқлоли моро аз парокандашавӣ эмин дошт ва миллати кӯҳанбунёди тоҷикро аз гирдоби нобудӣ раҳобахшид. Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих натанҳо тифли дар гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд”.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан анҷумани ормонҳои миллат, сулҳу ваҳдат, эъмори давлат гардида, маҳз дар ҳамин иҷлосия сарнавишти минбаъдаи давлати миллӣ ва соҳибистиқлоли тоҷикон тарҳрезӣ, муайян ва мушаххас гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ оромӣ ва амният, сулҳу ваҳдат, ҳифзи якпорчагии марзу бум ва давлат қадамҳои устувор гузошта шуд.

Имруз мо дар остонаи ҷашни фархунда — 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ниҳоли умедбахши мо имрӯз 30 сола шуд, пайваста нашъунамо ёфт, сарчашмаи сарсабзиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид. Орзу дорем Тоҷикистони соҳибистиқлол беш аз пеш обод ва мардуми азиз хушбахт бошанд. Бигзор кишвари мо бо Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тараққиёту гулгулшукуфии доимӣ бирасад.

Исмоил РАҲМАТОВ,

муовини раиси

Суди вилояти Суғд