БОЯД ДАСТҶАМЪОНА МУБОРИЗА БАРЕМ

Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо барои ободию озодӣ, ваҳдату яонагӣ эътибори махсус дода шуда, баҳри гулгулшукуфии Ватани азизамон чораву тадбирҳои гуногун андешида мешаванд. Ҳаёти босуботу рангин маҳз туфайли меҳнати суботкорона ва дониши васеъ ба амал омада, пешрафту шукуфоии кишвар маҳз аз ҳамин тадбирҳо сарчашма мегирад.

Бояд изҳор намуд, ки вазифаи ҳар як шахси баору номус дар кишвар ин ҳимояи марзу бум ва суботу осоиши кишвар аст. Мо бояд сарҷамъона зидди онҳое мубориза барем, ки ба осоиштагию сулҳу субот халал эҷод мекунанд, ки асоси онро терроризму экстремизм ташкил медиҳад. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 90-ум ба вуҷуд омад. Мутаассифона, имрӯз бархе аз ифротгароён, хоинони миллат ақидаҳои нодуруст, ҳадафҳои нопоки худро мехоҳанд, ки амалӣ созанд ва сулҳу суботи ҷомеаро халалдор намоянд. Вале ҳоло мардум чеҳраи аслии ин афродро шинохтаанд, ки бештари ин шахсон дар гузашта ҷинояткор будаанд. Ин гуна афроди хиёнаткор арзиши истиқлолиятро, ки волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик мебошад, қадр намекунанд. Давоми асрҳои тӯлонӣ миллати тоҷик дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиш беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин суханони пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст. Маҳз, чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки мардуми тоҷик дар муборизаҳо ботаҳаммулона истодагарӣ кард ва роҳи минбаъдаи худро муайян намуд. Роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб карда шуд. ТТЭ ҲНИ, Кабирӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки мақсадашон ноором кардани сулҳу суботи кишвари мо аст, ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои худ нахоҳанд расид. Муқаддас доштани истиқлолияти давлатӣ, ки барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад ва ин арзишҳоро чун гавҳари ноёб аз ҳар гуна гурўҳҳову афроди бегонаи давлатфурӯш эҳтиёт бояд кард.

Шавкатбек ОБИДИЁН,
судяи Суди вилоят