БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД

Истиқлолияти миллӣ барои Тоҷикистон воқеан марҳалаи нави таърихӣ ва неъмати бебаҳо аст. Зеро истиқлолият дар зиндагии мардуми тоҷик ва ҳам тоҷикистониён саҳифаи тозае барои ояндаи миллату давлат боз кард ва ин санаи муборак дар китоби таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.

Воқеан ҳар фарди ҷомеа имрӯз шукргузорӣ аз миллату давлати худ дорад ва истиқлолияти сиёсии онро пос доштаву эҳтиром намуда, чун гавҳараки чашми хеш ҳифз месозанд ва бар зидди нафароне, ки ин оромию сулҳу суботи кишварро вайрон карданӣ мешаванд пайваста мубориза ҳоҳанд бурд. Зеро мардуми тоҷик пушту паноҳи худро дорад ва ҳар лаҳза дуои модарон нигаҳдорандаи миллату давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Аммо мутаассифона бархе аз амалҳо ва рафтори ҳамватанонро дида дар ҳайрат мемонем, ки ин қадар бар зидди давлати худ туҳматҳои зиёде карда, ҳатто дар сомонаҳои интернетӣ маълумотҳои нодурусти ифротгароёнаи худро ҷой карда истодаанд. Онҳо нафаронеанд, ки дар ҳамин сарзамин калон шудаву обҳои мусаффои Тоҷикистонро нӯшида боз барои анҷом додани амалҳои муғризонаи худ даст зада истодаанд.

Магар ин аз рӯи одаму одамгарист. Далели ин гуфтаҳо рафтору кирдори ноҷавонмардонаи аъзо ва ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ мебошад, ки дар хориҷ истода мехоҳад, авзои кишварро ноором созад.

Аз ин лиҳоз ҳар фарди ватандору меҳанпарвар ҳушёрию зиракиро на бояд аз даст диҳад. Дар қалби ҷавонон хислатҳои хамидаи инсонпарварона, меҳандӯстона, меҳнатқариниву эътимоди комилро парварем. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, парчамбардори таърихи куҳани халқи тоҷик бошем. Зеро бо шарофати ин неъматҳо мардуми мо аҳлона заҳмат кашида, то имрӯз садҳо иншооти хурду бузургро бунёд намуданд, фаъолияти корхонаҳои саноатиро аз нав барқарор карданд, ба соҳаи кишоварзӣ такони ҷиддӣ бахшиданд, роҳу пулҳо бунёд карда, кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшиданд.

Аз ин лиҳоз ҳар фарди кишварро мебояд ҳар лаҳза ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва нагузоранд гуруҳҳои нохалафе, ки мехоҳанд ҷомеаи моро ноором созанд, ниятҳои нопокашонро амалӣ намоянд. Зеро он захмҳои қалби ҳар пиру барнои кишвар, ки солҳои 90-ум бардоштаанд, ҳоло фаромӯш нашудааст.

Фахриддин Наҷмиддин Зарифӣ,

судяи Суди вилояти Суғд