БУЗУРГТАРИН НЕЪМАТИ ДАВЛАТДОРӢ

Бузургтарин неъмати давлатдорӣ

 Санаи 9-уми сентябри соли 1991 – ум муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсози миллати тоҷик — Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ин рӯ, он ҳамасола 9 сентябр расман ҳамчун рӯзи муқаддас ҷашн гирифта мешавад. Даврони Истиқлолият барои мо имконият фароҳам овард, ки роҳи имрӯзаву ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ интихоб намоем.

Истиқлолият ба мардуми тоҷик рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонд, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин кард. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту нӯҳ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори Истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем. Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш, моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар бо номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллиро дар арсаи ҷаҳон нодида гирифтан номумкин аст.

Бале, баъди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо чӣ қадар дастовардҳои нав ба вуқӯъ пайвастанд, ки ҳамаи онҳо ба номи Сарвари давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст. Бале, таъмини амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, Истиқлолияти энергетикӣ худ шаҳодати бузурги Истиқлолияти миллист.

Тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳони муосир намунаи барҷастаи сулҳофарӣ ва ваҳдати пойдор мебошад. Имрӯз Тоҷикистон соҳибихтиёр аст. Самараи неки Истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Бигузор, иди муқаддаси меҳан, Истиқлолияти миллӣ барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии ободу осуда, комёбӣ ва кушоишҳо оварад!

 

Бахтиёр ОҚИЛЗОДА,

раиси Суди вилояти Суғд