ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН БЕТАРАФ НАБОШЕМ

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон водор месозад, ки ҳар лаҳза ҳушёр бояд буд. Агар дар як тараф нооромии кишварҳои дигар бошад, аз тарафи дигар, ба вазъи сиёсии ҷаҳон хатар ворид намудани ташкилотҳои террористию экстремистӣ мебошад. Мушкилоти экстремизм ва терроризм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро  бо хатари бузурги сайёра табдил додааст ва имрӯз ҳама барои бартараф сохтани ин вабои аср кӯшиш менамоянд. Аз ҷумла, Тоҷикистони мо дар ин ҷода фаъол мебошад. Қоршиносон ва донишмандон бар ин назаранд, ки муборизаи ҳар яки мо бар зидди ин гуна равандҳои номатлуб бояд ба воситаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ахбори омма сурат гирад.

Қадршиносӣ, шукргузориро ба ҷавонон аз синни кӯдакӣ бояд омӯзонид, зеро ташкилоти экстремистӣ бештар ба мафкураи ҷавонон таъсири худро расонида истодааст. Аз ин лиҳоз, ҷавонони мо дар куҷое набошанд, бояд дар қалби онҳо ҳисси баланди ватандӯстӣ пойдор бошад, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хешро ҳифз намоянд ва ҳамеша барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистони худ кӯшиш ба харҷ дода, омода ва хушёру зирак бошанд. Тавре маълум аст, дар ин дигаргуниҳои сиёсии ҷаҳон ва муноқишаҳои дохилӣ бештар мардуми мусулмон қурбон гардида истодаанд, зеро хатаре, ки дар симои терроризм ва экстремизми байналмилалӣ зоҳир мегарданд, мутаассифона, ба дини Ислом нисбат дода мешаванд. Чунки ҳодисаҳои ифротгароӣ ва ҷангҳои мазҳабӣ дар давлатҳои исломӣ ё давлатҳое, ки аҳолии он, ки аксаран мусулмон мебошанд, рух дода истодаанд.

Ватани мо низ солҳои 90-уми асри гузашта ба гирдоби чунин нооромиҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ печида буд, ки ҳазорон ҷавонмард қурбон гардида, оилаҳои зиёд бесаробон монданд.

Хушбахтона, дар Ватани азизамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субот ҳукмфармо буда, мардуми сарбаланди он дар фазои озоду осоиштагӣ зиндагӣ доранд, ки ин бузургтарин дастоварди миллат ва неъмати бебаҳо мебошад. Ҳар як фарди солимфикр ва равшаниродаро зарур аст, ки баҳри ҳидояти ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои милливу мазҳабӣ ва инсондӯстӣ бетараф набошанд.

Абрӯнисо МИРАСИЛЗОДА,

судяи суди вилояти Суғд