Дарсҳои бозомӯзӣ бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилояти Суғд
Ҳафтаи гузашта дар толори суди вилояти Суғд тибқи нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии суди вилояти Суғд вобаста ба мавзӯи “Далелҳо ва исботкунӣ дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Боби 6 КМҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дарси бозомӯзии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилояти Суғд гардид.
Дар бозомӯзи судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Маърузачӣ — судяи суди вилояти Суғд Назариён Н.Қ. машғулияти дарси омӯзишии судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд дар асоси нақшаи тасдиқгардида гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ барои давраи кории соли 2026 кушода эълон карда, мухтасар оид ба мавзӯи тасдиқгардида маърӯза намуда, вобаста ба мавзӯи мазкур пурра доир ба ҳар як моддаҳои он истода гузашта, ҳар як банди онро ба пуррагӣ шарҳ дода, ба саволҳои додашуда ҷавоб гардонид.
Байни маърузачӣ ва иштирокчиёни дарси омӯзишӣ саволу ҷавоб сурат гирифт ва дар охир кормандони дастгоҳи суд вобаста ба мавзӯъ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Бо ҳамин машғулияти дарси омӯзишӣ ба охир расид.

Суди вилояти Суғд 