ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ

Дастоварди бузурги миллӣ

 

Истиқлолият яке аз дастоварди бузурги миллӣ буда, ояндаи неки мардуми Тоҷикистонро муайян сохт. Мардум бо дили гарму рӯҳи болида баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаю ободкори худ пардохтанд.

Имрӯз тамоми мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони шарафманди вилояти Суғд эҳсос мекунанд, ки бар асоси мавриди амал қарор гирифтани барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар фазои мусоид ба амал омада, раванди ислоҳот ва рушди бонизоми иқтисоди миллӣ бомаром идома доранд.

Ба шарофати Истиқлолияти миллӣ дар қаламрави вилоят иншооти бузург бунёд гардида, ба хизмати сокинон гузошта шуданд, ки сохтмони баъзеи онҳоро дар даврони гузашта ғайриимкон мешумориданд.

Аз ҷумла, бунёди нақбҳои бузурги “Истиқлол” ва “Шаҳристон”, инчунин таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Чаноқ, Айнӣ — Панҷакент, Хуҷанд — Конибодом — Исфара, кашидани хатти барқи баландшиддати Ҷануб Шимол, зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ дар дохили вилоят, ки дар рӯзҳои вазнинтарин мушкилоти сокинонро доир ба таъмини нерӯи барқ бартараф намуданд, ташкили садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, сохтмони садҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ, хусусан мактабу шифохонаҳо ва муассисаҳои дигари маориф ва тандурустиву фарҳанг, марказҳои муосири хизматрасонӣ ва ба ҳамин васила таъсис додани садҳо ҳазор ҷойҳои нави кори тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд.

Маҷмӯи дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки, пеш аз ҳама, маҳсул ва самараи Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, ба ибтикору дастгирӣ ва ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунанд.

Миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ бо заҳмати ватандӯстона ба оламиён худро ҳамчун халқи сулҳпарвару озодихоҳ ва созандаву бунёдкор муаррифӣ карда тавонист.

Баробари ба ҷо овардани шукронаи ин пешравиҳо, соҳибватанӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол қарзи виҷдонии ҳар яки мост, ки тамоми кӯшишамонро ба хотири сарҷамъии миллат, тақвияти иқтидори давлат, ободии фардои кишвар, осоиши зиндагии халқ ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат сафарбар намоем.

Боварии комил дорам, ки таҷлили шукӯҳманди ҷашни 29 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми соҳибмаърифату заҳматкаши кишварамон, нерӯи тоза бахшида, дар самти таҳкими дастовардҳои он, сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвар, боз ҳам беҳтар шудани рӯзгори халқи азизамон нақши муассир мегузорад.

 

Ховар НАЗАРЗОДА,

судяи Суди вилояти Суғд