ИФТИХОР ВА ВАТАНДОРӢ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлоли Ватан буда,уруди миллӣ ва асъори миллӣ, аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар Иҷлосияи таърихи XVI Шӯрои Олӣ қабул гардида буд.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои сиёсату иқтисод, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобиту дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанл. Давлати мо узви комилҳуқуқи
СММ ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизамон мебошад. Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллату давлату Ватан, Ваҳдату сарҷамъӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ифтихорӣ миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллии озод ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эьтибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем. Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромона муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон 24 — уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон дар асоси низомномаҳои дахлдор, ки онҳоро Маҷлиси Олим Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, инъикос ёфта буданд. Баъдан, 12-уми майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди миллиро муқаррар мекунад. Яъне пештар низомномаҳои марбут рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷмкистонро дар алоҳидагӣ муайян мекарданд, вале қонунн мазкур мақоми ҳарсе рамзҳои асосии давлатии Тоҷикистонро дар якҷоягӣ муқаррар мекунад.

Аз ин ҷост, ки ба ҷой овардани эҳтиром нисбати муқаддасоти давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллати тоҷик мебошад.

Бадриддин ШАРИФЗОДА,

судяи Суди вилояти Суғд