ҲИФЗИ ДАСТОВАРД – РИСОЛАТИ ҲАМАГОН

Паёми Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат ба масъалаҳои муҳими ҷаҳону минтақа буда, пеш аз ҳама, ба хотири сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти миллӣ мебошад.

Паёми имсолаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соле рост омад, ки мамлакатамон дар остонаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорад. Соли 2021 барои кишвари мо соли пур аз комёбӣ ва дастовардҳои беназир хоҳад буд.

Намояндаҳои ҳамаи касбу кор дар Паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишвар ҳатман нуктаҳои муҳими фаъолияти худро пайдо менамоянду дастуре барои амал то Паёми дигар ба даст меоранд.

Барои мо, кормандони мақомоти судӣ Паёми имсолаи Пешвои миллат инъикоси авзои кишвар ва дастуре барои расидан ба натиҷаҳои беҳтару хубтар мебошад.

Дар Паёми имсола Сарвари давлат оид ба дастоварҳои кишвар дар соли сипаришуда сухан намуда, ҷиҳати таъмини рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Тавре маълум аст, бе рушди иқтисод ба пешравии самтҳои дигари ҷомеа ноил гаштан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, дар Паёми навбатии худ Сарвари давлат бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ пешниҳод намуданд, ки соли равон бинобар қонунигардонии маблағҳо авф гузаронида мешавад. Ин қонунигардонӣ ба пешравии иқтисоди миллӣ такон хоҳад бахшид.

Инчунин, ба Вазорати молия супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар идораҳои дахлдор лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав бо назардоштии сабук гардонидани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ба анҷом расонад.

Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ бо мақсади дастгирии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод намуданд, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.

Президенти кишвар дар Паёмашон ҳамеша аз фаъолияти кормандони суд ёдовар мешаванд. Хотиррасон мешаванд, ки баробари дониш ва малакаи касбӣ судя бояд виҷдони пок ва ахлоқи намунавӣ дошта бошад. Дар вохӯриҳо Сарвари давлат вобаста ба таъмини қонуният ва адолати судӣ, тарбияи кадрҳои кордону бовиҷдон ва дорои сатҳи баланди касбӣ, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ ва бартарафсозии камбудиҳо дар фаъолияти мақомоти судӣ ҷойдошта ибрози ақида намуда буданд. Ҳамчунин, ба масъалаҳои баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, тайёр намудан ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо эътибори ҷиддӣ доданд.

Фаъолияти равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарҳо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад.

Дар ин замина, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ӯҳдадор намуданд, ки лоиҳаи нави “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025”-ро таҳия ва ба баррасии ҳукумат пешниҳод намояд.

Дар Паём Сарвари давлат қайд намуданд, ки вазифаи ҳар яки мо содиқона хизмат кардан ба халқи азизи Тоҷикистон ва дар ҳама ҳолат дар паҳлӯи халқ будан мебошад. Таъкид намуданд, ки мо ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат эътимоди комил дорем. Дилпурона изҳор намуданд, ки ҳамаи мо бо заҳмати содиқонаю аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси 30-солагии истиқлолияту озодии Тоҷикистон симои Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Бале, суханони Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори ҳамагон аст. Маҳз бо ҳидояту дастури он кас Тоҷикистонро бояд ба кишвари пешрафтаву мутараққӣ табдил диҳем.

 

Ф. ЗАРИФӢ,

судяи Суди вилояти Суғд