ИСТИҚЛОЛ РОҲИ САОДАТИ МИЛЛАТ

Ҳамаи сокинони Тоҷикистони азизу маҳбуб имрӯз ифтихор аз он доранд, ки сиву ду сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ гузошта шуда, ба шарофати мустақилият Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давалатӣ — Пар­чам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид.

Дар соҳиб гардидани истиқлоли воқеӣ саҳми абармарди роҳи сиёсат, нафаре, ки бо қиммат ҷони хеш барои миллат саодат овард – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст.

Маҳз тухми умеду бовариро дар дили ҳар сокини кишвар коридани ин ин марди шариф Тоҷикистонро ба шоҳроҳи азими соҳибистиқлолӣ собитқадамона бурд.

Пас аз таъмини сулҳу суботи cap то сари пешорӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи басо муҳим – баланд бардоштани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ меистод, зеро бар асари ҷанги бемаънӣ кишвари мо ба ҷузъ аз талафоти ҷонӣ, ҳамчунин хисороти азими иқтисодӣ дода буд. Роҳандозӣ гардидани се ҳадафи стратегӣ ва эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат чун ҳадафи чоруми миллӣ мамлакатро аз вартаи гуруснагиву нодорӣ берун овард. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва таъсиси коргоҳҳои нави саноатӣ кишвар муваффақ шуд. Сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, кашидани хатҳои интиқоли қувваи барқ, тунелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ самараи соҳибистиқлолӣ ва маҳсули нерӯи зеҳнии Роҳбари давлат дар такя ба халқи озодманиш аст.

Як ҷанбаи сиёсати оқилонаву дурбинонаи Роҳбари давлат ин таъмини волоияти қонун дар кишвар аст. Дар ин ҷода ҳокимияти судӣ чун таҳкимдиҳандаи ҳамаҷонибаи қонуният саҳми калон дорад. Пешвои муаззами миллат борҳо дар баромадҳояшон аҳамияти бузург доштани нақши ҳокимияти судӣ дар мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро қайд мекунанд. Барои пешбурди фаъолияти судӣ Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, нақши калон дорад.

Яке аз вазифаҳои асосии судяҳо дар баробари таъмини адолати судӣ ин пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон, роҳ надодан ба амалҳои номатлуб, бедории шуури сиёсӣ маҳсуб меёбад. Дар ин росто Сарвари давлат таъкид медоранд: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд».

Аз ин рӯ моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, якҷоя хатари коҳиш ёфтани ин ҳаракатҳои номатлубро пешгирӣ намуда, барои пешрафти Ватани азизамон саҳми худро гузорем.

Акнун замони он расида буд, ки мардум бо диди тоза ба оянда нигаранд, дидаи умед ба фардои беҳтар, фардое, ки сарнавишти худро бо дастони худ бисозанд ва вобастаи касе набошанд.

Истиқлолият беҳтарин неъмат аст ва бояд ҳар як шаҳрванди бонангу ор ба қадри он бояд расад. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигзор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Бигзор Истиқлолияти миллӣ чун қуллаҳои сарбаланди кишвар устувору поянда бод!

                                               Ашурзода Нурулло Абдувосит,

                                                            судяи суди вилояти Суғд