ИСТИҚЛОЛИЯТ — МЕВАИ ОЗОДПАРАСТИИ МАРДУМ

ИСТИҚЛОЛИЯТ МЕВАИ ОЗОДПАРАСТИИ МАРДУМ

         Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистонён ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои ҳисороти бурзурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ шуд ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард. Дар чунин шароити душвор халқи тоҷик бо сарварии меъмори сулҳу ваҳдати Тоҷикистон Сардори давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи пуршарафи Истиқлолият ҷонбозиҳо намуда, ба пирӯзиҳо соҳиб шуданд, тоҷикон ба ҷаҳониён қудрати азими сулҳофаринӣ ва озодпарастии хешро нишон доданд. Бо сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишварамон 29 соли Истиқлолият давраи ба вуҷуд овардани шароиту имконот барои рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон гашт. Ин давра сулҳи пойдорро таъмин намуда, тамоми шароитро барои инкишофи кишвар фароҳам овард. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон аз сулҳу ваҳдат баҳравар буда, рӯ ба созандагию бунёдкориҳо ниҳодааст.

         Сатторзода Ҳотамшо,

судяи суди вилояти Суғд