Истиқлолият пояи озодию ҳуқуқи инсон аст
Истиқлолият пояи озодию ҳуқуқи инсон аст
Арафаи солгарди Истиқлолияти кишвар қарор дорем. Хурду калон барои сазоворона истиқбол гирифтани ин ҷашни фархундаи миллат бо руҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ даст ба корҳои созандагӣ задаанд ва ин дар ҳар хонадон, деҳа, ноҳия, умуман тамоми гӯшаю канори мамлакат ба чашм мерасад.
Бояд гуфт, ки мардуми мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияти ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бебаҳре анҷом дода, ба хотири ободии ватан раванди созандагиро пешгирифта меоянд. Зеро Истиқлолият барои мо имкони воқеъ фароҳам овард, роҳи имрӯзу фардои миллат ба пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Ҳа, Истиқлолият барои мо рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибор мебошад. Мо бояд бо ваҳдату сарҷамъӣ, заҳмати аҳлона ва саъю талоши ватандӯстона, Истиқлолияти Ватани азизи худро ҳифзу таҳким бахшем.
Соли оянда 30 солагии Истиқлолиятро истиқбол хоҳем кард ва муҳимияти ин ҷашнро чуқур дарк намоем, даврони сипаришударо ба риштаи таҳлил гирем, Истиқлол бо душвориҳои зиёд ба даст омаду имрӯз зисту зиндагии мо дар кадом поя аст. Ба ҳаминаш шукр кунем, ҳама даст ба ободию созандагӣ занем.
Фирӯза Аҳмадзода,
судяи суди вилояти Суғд