ЁДИ РОДМАРДОН АБАДИСТ
Дар таърихи инсоният санаҳое, ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашаванда мақом дорад, зеро он барои тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мо тоҷикистониён азизу гиромӣ буда онро ҳамасола дар сатҳи баланд ҷашн мегирем.
Санаи 22-уми июни соли 1941 бо вайрон намудани созишнома Германияи фашистӣ бидунии огоҳӣ ба сарзамини Иттиҳоди Шӯравӣ ворид гардид. Чунин ҳолат халқҳои ҳамондавраи собиқ Иттиҳоди Шӯравиро барои ҳифзи сарзамини муқаддаси хеш аз ҳуҷуми душман водор намуд, то ба муқобили онон устуворона ҷангида, мамлакатро наҷот диҳанд. Бо ин ҳадаф дар оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз аввалинҳо шуда, барои ҳифзи марзу буми Ватан дар ҳайати ду дивизия ба набарди ҷанг рафтанд.
Ҳазорон нафар ҷанговарон – фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои асирмонда аз фашистон диловарона иштирок намуда, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон доданд.
Дар солҳои ҷанг шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод, ки аз ин ҳисоб 92 ҳазор нафаршон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Бо нишон додани далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан – Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени “Шараф” ба зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.
Тоҷикистониён дар муҳорибаҳои шадид ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд, ки байни онҳо – Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Туйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони Тоҷикистониро метавон номбар кард, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳо қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Инчунин, қатори фиристодагони ҷанг меҳнаткашони кишвар барои мустаҳкам кардани ақибгоҳ ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ ва онҳоро бо сарулибос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, зиёда аз 500 ҳазор либоси гарм, наздик 200 ҳазор килограмм пашм, бештар аз 25 ҳазор метр газвор ва дигар лавозимот фиристоданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд супориданд. Барои сохтмони танки “Колхозчии Тоҷикистон” зиёда аз 84 миллион сӯм ва барои сохтмони эскадрилияи “Тоҷикистони Советӣ” 35,2 миллион сӯм ҷамъовари намуданд.
Ниҳоят, 9-уми майи соли 1945 Ҷанги Бузургии Ватанӣ бо ғалабаи ҷанговарони бонангу номус ва қавииродаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба анҷом расид.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 9-уми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба эълон гардидааст, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иди расмии ғайрикорӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин сана ҳамасола паради ҳарбии муштараки собиқ халқҳои Шӯравӣ баргузор мегардид. Инчунин дар ин рӯз ба аёдати ҷанговарони далер, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд рафта, аз қаҳрамониҳои онҳо сухан меронанд. Ҳамчунин ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кӯчаву майдонҳо ба унвони “9-уми май Рӯзи Ғалаба” номгузори карда шудааст. Дар шаҳри Душанбе боғи Ғалаба қарор дорад, ки ин боғ ҳамчун ёдгорӣ ва поси хотири ҷанговарон шинохта шудааст.
Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат мебошад.
Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.
76 – умин солгарди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
И.РАҲМАТЗОДА
муовини раиси Суди вилояти Суғд
Суди вилояти Суғд 