МАЪНОИ ПОЙДОРӢ ВА КОМИЛҲУҚУҚӢ

МАЪНОИ ПОЙДОРӢ ВА КОМИЛҲУҚУҚӢ

 

Парчами давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 24-уми ноябри соли 1992 тасдиқ гардидааст.

Вобаста ба таҳияи рамзҳои нави давлатӣ комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии онро Президенти ҳамонвақтаи Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ба ӯҳда дошт.

Аз муаллифон ва коллективҳои эҷодии минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз дусад пешниҳод вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлатӣ ворид гардид. Лоиҳаи Парчами давлатӣ ҳамчун матои росткунҷаи се рахдор ба таври уфуқӣ иборат аз рангҳои сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки ранги сафед якуним баробари рангҳои сурх ва сабзро ташкил мекунад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки тоҷ рамзи давлатдории халқи тоҷик, муттаҳидии давлату миллатро ифода менамояд. Нақши ҳафт ситора дар қисми болоии тоҷ дар шакли нимдоира буда, ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ, инчунин ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу тоҷик маънидод шуда буд. Ҳоло ҳафт ситора ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон — Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон мебошад. Ранги сурх ифодагари мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва Истиқлолият, ранги сафед бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз саъйу кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хуррам мешавад, маънидод шудааст.

Дар Иҷлосия бо сарварии Раиси нав интихобгардидаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони халқ якдилона барои қабул намудани Парчами давлатӣ овоз доданд. Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ифодагари пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои ин созмон барафрохта шудааст.

 

Шавкат ҶАЛИЛЗОДА,

сармутахассиси Суди вилояти Суғд