НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХӢ ДАР ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТ

Мусаллам аст, ки ҳар марҳалаи таърих шахсиятҳои беназир ва бузурги худро дорад. Имрӯз бемуболиға Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста ва мондагор дар сатҳи сиёсати ҷаҳонӣ ва санъати роҳбарӣ ба ҳисоб мераванд. Боиси ифтихори халқи точик аст, ки таҷрибаи сулҳи арзишманд ва нодири тоҷиконро имрўз ҷаҳониён меомӯзанд.

Ин ҷо бояд аз таърих ёдовар шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияте баргузор гардида буд, ки вазъи сиёсӣ ва иқтисодии ҷумхурӣ хеле муташанниҷ гардида буд. Аксари мардум аз фардои кишвару давлат, аз зиндагии оромона умедашонро канда буданд. Баргузории Иҷлосияи тақдирсоз ниёзи ҷомеаи Тоҷикистон буд, ки мебоист барои бақои миллат ва давлатамон таҳкурсии боэътимод мегузошт. Дар ҳамон вазъияти ниҳоят вазнин ва муташанниҷи кишвар ин Иҷлосияи таърихӣ баргузор гардид ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Воқеан, интихоби шахси хирадманд ва сиёсатмадори беназир дар он солҳо ба дилҳои пурғаму пурдард ва ноумедгардида умеди тоза бахшид, боварии мардуми ранҷкашидаро ба ояндаи Ватан дилпур кард. Тарафҳо он вақт ба хулосае омаданд, ки наҷоти миллат танҳо дар бахшидани гуноҳҳои якдигар, ба фазои ягонаи ҳуқуқӣ баргардонидани Тоҷикистон, риояи муқаррароти Конститутсия ва арзишҳои дигар мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки заминаи сулҳи пойдор ваҳдати миллӣ мебошад. Яъне, ваҳдати миллӣ мафҳуми хаёлӣ ва ғайризаминӣ набуда, мазмуни амиқи таърихӣ дорад. Барои кишвари мо истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии мамлакат, фарҳанги ягона, эҳтироми забони ноби тоҷикӣ, муносибатҳои пешқадами иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти осоишта дар марҳалаи феълӣ арзишҳои асосии миллӣ, ифодакунанда ва пешбарандаи ҷомеаи имрӯзаи тоҷикон мебошад.

Маҷмӯаи тадбирҳои наҷиб пеш аз ҳама, аз корномаҳои беназири Пешвои миллат сарчашма мегиранд ва моро хидоят бар он медиҳанд, ки пеш аз ҳама садоқати хешро ба ҳастии ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот нишон дихем.

Имрӯз Тоҷикистон кишвари сарфарозон, диёри инсонҳои покдил, покният, мушкилкушою мушкилнописанд аст, ки мардумаш дили пуроташу рӯҳи шикастнопазир дорад. Яъне ҳаёт ба мо панд дод, ки худшиносу худогоҳ бошем, андешаи имрӯзу фардоро кунем. Миллату мардуми худро қадрдонию қадршиносӣ кунем. Гармию сардии рӯзгор, рӯзҳои мудҳиши фалокатовар мардуми моро ҳушёру ақлҳоро солим гардонид.

Тоҷиддин ҲАФИЗЗОДА,

муовини якуми раиси

Суди вилояти Суғд