Напардохтани қарз боиси аз даст рафтани амвол мегардад

Солҳои охир байни мардум як анъанаи ноҷӯре роиҷ шудааст, яъне аз касе қарз гирифтан ё ба нафаре қарз додан. Махсусан, ин амал байни соҳибкорон хеле зиёд аст. Аз ҳамдигар бо маблағи зиёд қарз мегиранд ё қарз медиҳанду дар пардохти он ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғд дар маҷлисӣ ошкорои судӣ парвандаи гражданиро аз рӯи шикояти кассатсионии ҷавобгар Муҳиддинҷон Саматов аз болои ҳалномаи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 24-уми декабри соли 2021, ки бо он даъвои Абдуқайюм Тоҷибоев нисбат ба М.Саматов дар бораи ситонидани маблағи қарз аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда, ки қисман қонеъшудааст мавриди баррасӣ қарор дод.

Бояд изҳор кард, ки А.Тоҷибоев бо даъвои қисман пардохт накардани маблағ аз ҷониби М.Саматов ба суд муроҷиат намудааст. Ӯ дар аризааш қайд кардаст, ки 21-уми апрели соли 2021 ҷавобгар М.Саматов аз ӯ ба маблағи 209 ҳазор (дусаду нӯҳ) доллари амрикоӣ бо мӯҳлати 6 моҳ то санаи 30-юми октябри соли 2021 қарз гирифтааст, ки амалиёти қарзӣ дар Идораи нотариалии давлатии Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров санаи 21-уми  апрели соли 2021 ба қайд гирифта шудаст. Ҷавобгар ӯҳдадор гардидааст, ки дар муддати 6 моҳ қарзи гирифтаашро пардохт хоҳад кард ва шиносномаи техникии ҳавлидории маркази савдои «Ваҳдат»-ро, ки дар суроғаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати деҳоти Хистеварз, кӯчаи Исфара, хонаи берақам ҷойгир аст, ҳамчун гарав гузоштааст.

Мутаассифона, ҷавобгар мӯҳлати муқарраркардаи созишномаи қарзиро дидаю дониста дағалона вайрон карда, маблағи қарзи гирифтаашро қисман пардохт намудааст.

Аз ин рӯ, аз суд хоҳиш кардааст, ки аз ҳисоби ҷавобгар М.Саматов маблағи боқимонда аз ҳисоби амволи багаравмондаи ҷавобгар ба фоидаи ӯ рӯёнида шавад. Суди марҳалаи якум ҳалномаи болозикрро қабул кардааст. Ҷавобгар ба он норозигӣ баён намуда, дар шикояти кассатсиониаш пурсидааст, ки ҳалномаи суди марҳалаи якум бинобар беасос ва ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шуда, парванда ба баррасии нави судӣ ба ҳамон суд дар дигар ҳайат ирсол карда шавад. Бинобар беасос будани ваҷҳи шикояти кассатсионии ҷавобгар М.Саматов коллегияи судӣ онро қобили қабул наҳисобид.

Аз ин рӯ, бо дастрасии моддаҳои 349, 350 қисми 1 банди 1, 355 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон коллегияи судӣ ба хулоса омад, ки ҳалномаи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бетағйир мононда шуда, шикояти кассатсионӣ беқаноат мононда шавад.

Имрӯз шаҳрвандони моро зарур аст, ки пеш аз ба ягон амал даст задан андеша намоянд, зеро пул гирифтану баргардонидани он ба як муаммои рӯз табдил ёфтааст.

Тоҷиддин ҲАФИЗЗОДА,

муовини якуми раиси Суди вилоят,

Содиқзода Самандар Содиқӣ,

котиби коллегияи Суди вилоят