НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Имрӯз, 23 феврали соли 2021 дар суди вилояти Суғд вобаста ба натиҷаи фаъолияти суди вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раҳбарият, судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди вилоят иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби Раиси суди вилояти Суғд Оқилзода Бахтиёр Даврон оид ба натиҷаи фаъолияти судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар давоми соли 2020 ба намояндагони васояти ахбори омма ахбороти муфассал пешниҳод гардид.

Қайд гардид, ки дар давоми соли 2020 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 35155 адад парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳи баррасӣ гардидаанд.

Аз ин шумора 2903 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 4680 адад парвандаҳои гражданӣ, 10537 адад парвандаҳои оилавӣ ва 11703 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ташкил медиҳанд, ки дар марҳилаи якуми суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор дода  шудаанд.

Ҳамзамон, дар ин давра дар коллегияҳои судии суди вилоят 425 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 281 адад парвандаҳои гражданӣ, 384 адад парвандаҳои оилавӣ ва 64 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидаанд.

Давоми соли 2020 чор маротиба ҷаласаи Раёсати суди вилояти Суғд гузаронида шуда, ба тариқи назоратӣ 42 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 9 адад парвандаҳои гражданӣ, 1 адад парвандаи оилавӣ ва 23 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби судҳои вилоят 187 адад парвандаҳо баррасӣ гардидааст. Аз рўи парвандаҳои барраси гардида, нисбати 182 шахс ҷазои ҷарима ба маблағи 1 007 210 сомонӣ таъин карда шудааст.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 3056 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст. Дар натиҷаи баррасӣ нисбати 1436 шахсон огоҳӣ ва нисбати 1433 нафар ба маблағи 249 914 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.

Судҳои вилоят дар соли 2020 аз рўи маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи амвол ба тариқи маблағҳои пулӣ, товони зарари аз тасарруфи амволи давлатӣ ва зарари аз дигар ҷиноятҳо расонидашуда, инчунин аз рўи даъвоҳои прокурорҳо ва аз рўи навиштаҷотҳои иҷроишии мақомоти гуногуни давлатӣ, маблағи умумии 20 243 250 сомонӣ амалан ба буҷети ҷумҳурӣ рўёнидаанд.

Роҳбарияти суди вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рӯзҳои шанбе 242 нафар шаҳрвандонро қабул намуда, арзу шикоятҳои онҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Соли 2020 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо 4246 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ дар телевизион 489 ва радио 444 баромадҳо доир намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 362 мақолаҳо ба нашр расонида, дар коллективҳои меҳнатӣ 2022 вохӯрию мулоқот баргузор намуданд.

Аз ҷониби судҳои вилоят бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир кардани ҷиноят мусоидат кардаанд, аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ 6564 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

 

Суди вилояти Суғд