НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Имрӯз, 15 феврали соли 2022 дар суди вилояти Суғд вобаста ба натиҷаи фаъолияти суди вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раҳбарият, судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди вилоят иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби Раиси суди вилояти Суғд Оқилзода Бахтиёр Даврон оид ба натиҷаи фаъолияти судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар давоми соли 2021 ба намояндагони васояти ахбори омма ахбороти муфассал пешниҳод гардид.

Қайд гардид, ки дар давоми соли 2021 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 37727 адад парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳи баррасӣ гардидаанд.

Аз ин шумора 3171 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 4014 адад парвандаҳои гражданӣ, 12243 адад парвандаҳои оилавӣ ва 11438 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ташкил медиҳанд, ки дар марҳилаи якуми суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор дода  шудаанд.

Ҳамзамон, дар ин давра дар коллегияҳои судии суди вилоят 490 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 239 адад парвандаҳои гражданӣ, 354 адад парвандаҳои оилавӣ ва 93 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидаанд.

        Давоми соли 2021 панҷ маротиба ҷаласаи Раёсати суди вилояти Суғд гузаронида шуда, ба тариқи назоратӣ 57 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 19 адад парвандаҳои гражданӣ ва 34 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби судҳои вилоят 222 адад парвандаҳо баррасӣ гардидааст. Аз рўи парвандаҳои барраси гардида, нисбати 203 шахс ҷазои ҷарима ба маблағи 1 213 930 сомонӣ таъин карда шудааст.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 3108 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст. Дар натиҷаи баррасӣ нисбати 1458 шахсон огоҳӣ ва нисбати 1466 нафар ба маблағи 265 833 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.

Судҳои вилоят дар соли 2021 аз рўи маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи амвол ба тариқи маблағҳои пулӣ, товони зарари аз тасарруфи амволи давлатӣ ва зарари аз дигар ҷиноятҳо расонидашуда, инчунин аз рўи даъвоҳои прокурорҳо ва аз рўи навиштаҷотҳои иҷроишии мақомоти гуногуни давлатӣ, маблағи умумии 18 736 535 сомонӣ амалан ба буҷети ҷумҳурӣ рўёнидаанд.

Роҳбарияти суди вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рӯзҳои шанбе 311 нафар шаҳрвандонро қабул намуда, арзу шикоятҳои онҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Соли 2021 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо 4734 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ дар телевизион 532 ва радио 470 баромадҳо доир намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 403 мақолаҳо ба нашр расонида, дар коллективҳои меҳнатӣ 2133 вохӯрию мулоқот баргузор намуданд.

Аз ҷониби судҳои вилоят бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир кардани ҷиноят мусоидат кардаанд, аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ 7020 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

 

Суди вилояти Суғд