НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Имрўз 30 июли соли 2020 дар суди вилояти Суғд вобаста ба натиҷаи фаъолияти суди вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар нимсолаи аввали соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди вилоят иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси суди вилояти Суғд Оқилзода Бахтиёр Даврон оид ба натиҷаи фаъолияти судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар давоми нимсолаи аввали соли 2020 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ахбороти муфассал пешниҳод гардид.

Қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 17 232 адад парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ баррасӣ гардидаанд.

Аз ин шумора 1393 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 2238 адад парвандаҳои гражданӣ, 5359 адад парвандаҳои оилавӣ ва 5752 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ташкил медиҳанд, ки дар марҳилаи якуми суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор дода  шудаанд.

Ҳамзамон, дар ин давра дар коллегияҳои судии суди вилоят 170 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 142 адад парвандаҳои гражданӣ, 193 адад парвандаҳои оилавӣ ва 35 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидаанд.

Дар давоми нимсолаи аввали соли 2020 дар Раёсати суди вилояти Суғд ба тариқи назоратӣ 3 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 2 адад парвандаҳои гражданӣ ва 8 адад парвандаҳои маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби судҳои вилоят 97 адад парвандаҳо баррасӣ гардидааст. Аз рўи парвандаҳои баррасӣ гардида нисбати 94 шахс ҷазои ҷарима ба маблағи 536 020 сомонӣ таъин карда шудааст.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 1535 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст. Дар натиҷаи баррасӣ нисбати 689 шахсон огоҳӣ ва нисбати 752 нафар ба маблағи 129 389 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.

Судҳои вилоят дар нимсолаи аввали соли 2020 аз рўи маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи амвол ба тариқи маблағҳои пулӣ, товони зарари аз тасарруфи амволи давлатӣ ва зарари аз дигар ҷиноятҳо расонидашуда, инчунин аз рўи даъвоҳои прокурорҳо ва аз рўи навиштаҷотҳои иҷроишии мақомоти гуногуни давлатӣ, маблағи умумии 6 054 053 сомонӣ амалан ба буҷети ҷумҳурӣ рӯёнидаанд.

Роҳбарияти суди вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рӯзҳои шанбе 120 нафар шаҳрвандонро қабул намуда, арзу шикоятҳои онҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо 2325 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо дар мавзўъҳои ҳуқуқӣ дар телевизион 189 адад ва радио 219 баромадҳо доир намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 214 мақолаҳо ба нашр расонида, дар коллективҳои меҳнатӣ 952 вохӯрию мулоқот баргузор намуданд.

Аз ҷониби судҳои вилоят бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир кардани ҷиноят мусоидат кардаанд, аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 3951 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Суди вилояти Суғд