ҶОМЕАИ СОЛИМ АЗ ОИЛАИ СОЛИМ

Ҳамасола Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, 15 май таҷлил мегардад.

Мақсад аз таҷлили ин ҷашн – ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд.

Вобаста ба танзими муносибатҳои оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва барномаҳо аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Кодекси оила, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зуровари дар оила», Қарорҳои Пленуми Суди Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қонуни асосии давлат мебошад, Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимои ва фарҳангӣ «Оиларо ҳамчун рукни табиӣ ва асоси ҷамъият» эътироф намуда, давлат онро ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладори ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳи манъаст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари вохурию суҳбатҳояш оид ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баҳри пойдорию устувории Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, оилаи солиму фарзандони солеҳро асоси давлату миллати устувору солим арзёби менамояд.

Аз ин рӯ оиларо муқаддас дониста баҳри тарбияи насли наврас бояд саҳм гузошт. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар навбати худ баҳри таъмини волоияти қонун, барои пешгирии зуроварӣ дар оила, тарбияи дурусти ҷавонон ва таъмини сулҳу субот дар ҷомеа пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Қурбонзода  Хуршеда Гулмат

Судяи суди вилояти Суғд