ОСОИШТАГИИ МАРДУМ БА ХОТИРИ ОБОДИИ ВАТАН

Сӣ сол пеш миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди бузург — Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло мо ин рӯйдоди муборак, яъне пайвастани оини давлатдории навини худро бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.

Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки бо заҳмати басо сангин, азму талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми озодихоҳи мо ба даст омада, дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллатамон оғози марҳилаи сифатан нав гардид, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ — бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт.

Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30 соли Истиқлолият, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табакаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид. Аз ҳамин хотир сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қимати бузург доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди мамлакат ва бахусус занону модарон ба ҳисоб меравад.

Ба шарофати Истиқлолият мавқеи занон дар Тоҷикистон ба маротиб боло бардошта шуд. Истиқлолият ба зани тоҷик соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ эҳдо намуда, аз ӯ талаб сохт, то фаъолона ба маҷрои созандагии кишвар ворид гардад, хушбахтии хеш ва фарзандонашро бо дасти худ бисозад. Эҳсоси ватандорию ифтихори миллии худро соҳиб бошад, нишон диҳад, ки дар масъулиятшиносӣ ӯ аз мардон кам нест.

Бояд тазаккур дод, ки моҳи марти соли 1991 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ин яке аз дастовардҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистон буда, дар байни кишварҳои ИДМ таҷрибаи аввалин буд. Ҳадаф аз таъсиси Кумита дар лаҳзаҳои вазнинтарини давлатдорӣ, ки ҷумҳурӣ ба кумаку дастгирии ҳар як сокини худ ниёз дошт, пеш аз ҳама, муттаҳид намудани занон, иштирок дар мураттаб сохтан ва амалӣ намудани барномаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, беҳдошти вазъи занон, ҳифзи оила ва модару кӯдак, муайян намудани стратегияи илман асосноки рушди оила ва сиёсати демографӣ, беҳтар намудани шароити корӣ дар истеҳсолот ва ҳаёти ҷамъиятӣ, ташкили маишату истироҳати занон иборат буд.

Бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд, ки ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат менамоянд.

Самараи истиқлолият буд, ки имрӯз садои занони тоҷик, ки тарафдори сулҳ, рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ дар ҷаҳон мебошанд, дар сар то сари сайёра ба гӯш мерасад. Онҳо аз минбарҳои баланди конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ баромад намуда, аз комёбиҳои бадастовардаи давлат ва Президенти кишвар дар роҳи демократикунонии ҷомеа, дигаргуниҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва мавқеи баланд пайдо кардану иштироки бевоситаи занон дар ин раванд сухан мегӯянд. Аз пешрафти тафаккури сиёсии занон ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳокимияти давлатӣ интихоботҳои парлумони кишвар гувоҳӣ медиҳанд.

Умед мекунем, ки ғояи волои истиқлолият, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва зиндагии осоиштаи мардум ба хотири ободии Ватан ва сарзамини маҳбубамон ҳидоятгар ва раҳнамои мо гарданд!

 

Қурбонзода Хуршеда Гулмат,

судяи суди вилояти Суғд