ПЕШГИРИИ НИКОҲИ ХЕШУТАБОРӢ – ОМИЛИ СИҲАТИИ МИЛЛАТ

Инак панҷ сол мешавад, ки дар ҷумҳурӣ никоҳи хешу табори наздик манъ гардида, гузаштан аз ташхиси тиббӣ ба арӯсшавандаю домодшаванда ҳатмӣ эълом шудааст.

Ин ҳам яке аз иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои пешгирӣ намудани оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ ва тавлиди кӯдакони нуқсондору маъюб роҳандозӣ гардидааст.

Аз 1 июли соли 2016 дар Тоҷикистон никоҳи хешутаборӣ расман манъ шуд. Аз ин пас хешу табори наздик ҳаққи издивоҷ бо якдигарро нахоҳанд дошт. Тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила мавриди иҷро қарор гирифта, баробари манъи издивоҷи хешони наздик, инчунин, гузаштан аз муоинаи тиббиро барои арӯсу домод ҳатмӣ кард. Ин тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила 13 январи соли 2016 ворид шуда буд. Вакилони порлумони Тоҷикистон тибқи хулосаҳои пизишкон гуфта буданд, никоҳи хешутаборӣ яке аз сабабҳои аслии ба дунё омадани кӯдакони маъюб дар кишвар аст ва манъ шуданаш ҳам асосан ба ин мушкил рабт дорад. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016 дар ҳудуди кишвар беш аз 25 ҳазор кӯдаки маъюб сабт шуда, аз ин ҳисоб 30-35 фоизашон аз никоҳҳои хешутаборианд.

Аз рӯи маълумоти мутахассисони соҳаи тиб одатан ҷавононе, ки бо хешу табори наздикашон издивоҷ менамоянд, бо мушкилоти безуриётӣ, исқоти ҳамл, ба дунё омадани тифли мурда фенилкетонурия — боздошти инкишофи ҷисмонӣ ва ақлии кӯдак рӯбарӯ мегарданд. Бемориҳои албинизм — пӯсти беранг, синдроми Секкелия — кӯдаки қадпасти ба парранда монанд, ки ақл надорад, синдроми Меккелия — инкишоф наёфтани қариб ҳама узвҳои бадан, гипертензияи дохили майнаи сар бо синдроми гидросефалия низ аз гени бемор бо сабаби никоҳи хешу таборӣ пайдо мешаванд. Барои ҳамин падару модаронро зарур аст, ки ояндаи фарзандони худро андеша намуда, аз пайвастани тақдири ҷигарбандонашон бо хешу табори наздик худдорӣ намоянд. Барои пешгирӣ намудани бемориҳои генектикӣ супурдани хун барои муайян кардани бемории ноаёни генҳо низ зарур аст.

Дар ин маврид аз духтур гузаштани навхонадорон ва ташхис намудани онҳо низ саривақтӣ буда, барои пешгирии бемориҳои гуногун нигаронида шудааст. Имрӯзҳо, хушбахтона, дар асоси талаботи моддаи 14 Кодекси оилаи ҶТ ин тадбирҳои нек амалӣ шуда истода, ҷавонон пеш аз никоҳ ройгон аз тарафи духтурони марказҳои саломатӣ муоина мешаванд.

 

НАБИЗОДА Наргис Ҳаким,

судяи суди вилояти Суғд