САНАДИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ тавассути Паёми худ муроҷиат менамоянд. Паёми Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имрӯзу фардои миллати тоҷик қутбнамо буда, дар он самтҳои фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ муайян мегарданд.

Воқеан, Паёми навбатии Президенти кишвар дар арафаи анҷоми соли таърихии барои миллату давлат сарнавиштсоз, ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Паёми Роҳбари давлат тамоми паҳлӯ ва ҳадафҳои стратегии давлату миллати тоҷикро дарбар гирифта, дар он самтҳои асосии сиёсати до­хилӣ ва хориҷии кишварро хулосабарории ҳаматарафа қарор дода, он оид ба натиҷаҳои ноилгардида ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада, барои солҳои минбаъда дастуру ҳидоят мушаххас манзур гардидааст, ки ҳамчун чароғи раҳнамо ва дастурамал барои фаъолияти тамоми рукнҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар тамоми рукнҳои давлатдорӣ, ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа ба амал овардани тағйироти куллии миқдорию сифатӣ шароити мусоид фароҳам сохт. Бо шарофати Истиқлолияти кишвари азизамон дар роҳи бунёди ҷомеаи навини демократӣ, ҳукуқбунёд, дунявӣ ва ягона пирӯзмандона пеш меравад. Инкишофи устувор ва пайдарпай, навгонию мукаммалсозӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, алалхусус дар инкишофи соҳаи ҳифзи ҳуқуқ беш аз беш назаррас аст. Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи зидагии мардум вазифагузорӣ намуданд. Ҳамчунин, дар Паём оид ба зуҳуроти номатлуб ва хатари терроризму экстремизм, ифротгароӣ ҷалб гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун изҳори андеша намуда, афзуданд, ки бояд мо барои ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзу субот, оромӣ чораандешӣ намоем.

Таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар ин замина баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти судӣ аз мавзӯи муҳиме ба шумор ме­равад, ки дар Паёми Сарвари давлат баён гардидааст. Роҳбарияти олии мамлакат ба мақомоти давлатӣ пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, хизматчиёни давлатиро ҷиҳати молиявию иқтисодӣ дастгирӣ менамоянд. Аз ҷумла, Президенти кишвар зимни ироаи Паёми навбатии худ аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи кормандони ин мақомотро 20 фоиз зиёд намуданд, ки воқеан ин иқдоми басо руҳбаландкунанда ва шоистаи таҳсин мебошад.

 

                                              Мафтуна РАҲМАТИЛЛОЗОДА,

судяи Суди вилояти Суғд