САРҶАМЪӢ АЗ МУТТАҲИДИСТ

Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар радифи ин гуфтаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар мавриди сулҳу оромии кишвар сухан ронда, сокинонро ба зиндагии шоиста ва риояи ҳуқуқу қонунҳо даъват менамоянд. Риоя ба қонунҳо ва пос доштани амнияти миллӣ ҳамеша ба манфиати давлат ва миллат мебошад.

Пойдевори асосии оромии мамлакат аз ваҳдату сарҷамъӣ ва якдилӣ аст. Дар давлатҳое, ки имрӯзҳо бенизомии сиёсӣ сар зада истодаанд, якдиливу сарҷамъии онҳо вуҷуд надорад. Вақте ки дар ҷомеа иттиҳоду сарҷамъӣ нест, дар он ҷо ҳеҷ гоҳ амният ва сулҳу оромӣ побарҷой нахоҳад шуд. Барои ба даст овардани сулҳ ва ба як вазъи осуда расонидани мамлакаташон давлатҳои ҳамсояи мо

солҳост, ки талош доранд, вале онро ба даст оварда наметавонанд.

Давлати мо сулҳи комили худро дорост ва метавонад марзу буми худро ҳимоя кунад, зеро давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ артиши кишвари мо низ бо талошҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пур-қувват гардид. Дар баробари ин Сарвари кишвар ба сулҳу оромии минтақа низ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд ва борҳо хос-тори амну оромии кишварҳои ҳамсоя низ гаштаанд. Дар Паёми солонаи худ низ яке аз аввалинҳо шуда ба вазъияти баамаломадаи давлати ҳамсоя – Афғонистон андешаронӣ карданд.

Бо вуҷуди ин ҳама ҷонбозиҳо ва бо баҳои ҷон харидани оромии кишвар дар шароити имрӯз нафароне пайдо мешаванд, ки бар зидди манфиатҳои миллӣ ва давлатдории мо андешаҳои носолим меронанд ва ҷомеаро ба сӯи нобасомониҳо даъват месозанд. Вале, таърих ва саргузашти миллат, нобасомониҳову вайрониҳоро мо хуб дар ёд дорем.

Мо арзишҳои давлатдории навини тоҷикон, манфиат-ҳои миллӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишварро эҳтиром мекунем ва дар доираи салоҳиятҳое, ки қонунҳо ба мо додааст, фаъолият намуда, пеши роҳи ҳама гуна нобасомониҳоро гирифта, барои оромии кишвар саҳм мегузорем. Оромии Ватан ва сулҳу суботи он кафили зиндагии шоистаи аҳолии мамлакат маҳсуб меёбад. Сулҳу оромият ҷовидону Парчамат ҳамеша парафшон бод, Тоҷикистони азиз!

Нигора Назариён,

судяи Суди вилояти Суғд