САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ

САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамасола тамоми қишрҳои ҷомеа — намояндагони касбу кори гуногун бесаброна интизор мешаванд. Зеро, паём сарчашмаи боэътимод, фарогири иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқиву бебаҳс, дастуру супоришҳои ба ояндаи дурахшон ҳидояткунанда аст.

Дар Паёми навбатӣ, ки Пешвои муаззами миллат рушди иқтисоди кишвар, даромади пулии аҳолӣ, бақияи пасандозҳо дар низоми бонкӣ, сатҳи камбизоатӣ, саҳми бахши хусусӣ, рушди илму маориф, тандурустӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ ва дар маҷмуъ татбиқи ҳадафҳои стратегиро дар муқоиса ба солҳои қабли натиҷагири намуда, ҷиҳати пешрафт ва рафъи мушкилоту норасоиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо доданд.

Паёми Пешвои миллат роҳи минбаъдаи кишвари моро ба сӯи фардо муайян намуда, назди ҳар як фарди солимфикр, шахси ватандӯсту меҳанпарвар вазифаю масъулияти навинро вогузор кард.

Пешвои миллат доири ҳар як бахши фаъолият, чӣ иқтисодиёту сиёсат, фарҳангу тандурустӣ, қонунгузорию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумоти муфассал дода, соҳаҳои мазкурро ба таври возеҳу равшан таҳлил намуданд.

Пешниҳодҳои инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи баланд бардоштани стипендияи донишҷӯён, магистрҳо, аспирантону докторантон ва зиёд намудани нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, кӯдакони маъюби то 18-сола, маъюбони гурӯҳи якум ҳамчун дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоӣ арзёбӣ гардиданд.

Мо, кормандони ҳифзи ҳуқуқ аҳамияти Паёми Президентро муҳим арзёбӣ намуда, баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодии инсон таъмини волоияти қонун камари ҳиммат мебандем.

Ҳар як хизматчии давлатӣ дар иҷрои нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд кӯшиш ба харҷ дода, ҷиҳати таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳмгузор бошад.

 

   Анварҷон АБДУҒАФФОРӢ,       

судяи суди вилояти Суғд