ШУКУФОИИ МИЛЛАТ

Ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоқикон, нумӯи даврон ва ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.  

Ҳақиқатан ҳам Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлаете, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз, бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ҳувайдо аст. Аз имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ 25 сол гузашт. Мардуми тоҷик тӯли 25 сол аст, ки дар фазои сулҳу осоиштагӣ, якпорчагӣ ва сулҳу субот зиндагӣ менамоянду таронаҳои ваҳдату ягонагиро тараннум менамоянд. Мардуми тоҷик дар ин рӯзҳои пурсаодат дарк намуд, ки танҳо бо роҳи вахдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонад. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Чӣ тавре, ки дар хотир дорем, дар он рӯзҳо хатари пароканда шудани миллати тоҷик, пора гардидани он ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар пешорӯи таърихи навини мо қарор гирифта буд. Хушбахтона, мардуми мо сари вақт барои ислоҳи ин иштибоҳи даҳшатноки миллаткуш татбирҳо андешида, баъди музокироти сангину тӯлонии зиёда аз чорсола оқибат бо имзои санади тақдирсоз, яъне Созишномаи умумии  истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон раванди оштии миллӣ, ваҳдати саросарии мардуми худ ва сулҳу суботро барқарор кард, ки имрӯз аз он айём 25 сол сипарӣ мегардад.

Бисту панҷ соли эҳёи миллӣ, бисту панҷ соли баҳамоӣ, бисту панҷ соли худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, бисту панҷ соли сулҳу субот ва оромӣ, муҳимтар аз ҳама бисту панҷ соли қадами устувор дар роҳи эъмори ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, ки дар таърихи навини давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд.

         Муҳаммадҳӯҷа МАМАДОВ,

         Котиби маҷлиси суди

Суди вилоят Суғд