СУБОТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Имзо гардидани санади тақдирсоз — Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон баҳри ба минтақаи сулҳ табдил ёфтани Тоҷикистони азиз мусоидат кард.

Он лаҳза қабл аз созишномаи сулҳ амалан ҳал намудани масъалаҳои ҳаёти муҳими иқтисодӣ — иҷтимоӣ, сиёсии ҷумҳурӣ меистод ва барои ҳарчӣ зудтар бартараф намудани сохтори фалаҷгаштаи идораҳои давлатӣ кӯшиш ба харҷ мерафт. Яке аз омилҳое, ки пояи сулҳро ба мустаҳкамшавӣ наздик месохт, ин ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ буданд.

Яке аз қадамҳои аввалини Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба эътидол овардани вазъи сиёсию иҷтимоии кишвар, сарҷамъ намудани тамоми нерӯҳои солимфикри сиёсӣ, созмонҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд. Он кас таъкид мекунанд, ки танҳо ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод ба якдигар метавонад Тоҷикистонро ба масири сулҳу ваҳдат раҳнамун созад ва дар ҳалли буҳрони сиёсӣ ва иқтисодии кишвар нақши ҳалкунанда бозад. Бо шарофати талошҳои пайвастаи Сарвари давлат санаи 27-уми июни соли 1997 санаде ба тасвиб расид, ки рамзи ваҳдату ҳамбастагии кулли тоҷикистониён буда, аз сулҳу оштӣ, ҳамгироии тамоми қишрҳои ҷомеа ба ҷаҳониён башорат дод.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имкон дод, ки фазои ороми Ватан ва суботи ҷомеа барқарор, ояндаи неки фарзандон таъмин гардида, Тоҷикистон ва мардуми он ба кулли ҷаҳониён ҳамчун миллати сулҳхоҳу сулҳдӯст муаррифӣ шаванд.

Имрӯз кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳпарвар мешиносанд ва ин таҷрибаро дигар давлатҳои ҷангзада омӯхта истодаанд, Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва нерӯҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Дар зери мафҳуми «миллат» бояд танҳо ягонагии этникӣ, яъне ваҳдати танҳо тоҷикон фаҳмида нашавад, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию динӣ дар назар дошта шавад. Зеро, ҳеҷ яке аз манфиати фардӣ ё гурӯҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манофеи миллӣ вуҷуд дошта наметавонад.

Аз ин нигоҳ, ваҳдати миллӣ тарзи ҳастии миллат ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши воло маҳсуб ёфта, эҳтиром ва пос доштани он, аз ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшинос масъулияти баландро тақозо менамояд.

Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас — вахдати миллиро нигоҳ дорем, ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифз намоянд.

         Рафоат РАҲИМЗОДА,

мутахассиси пешбари

Раёсати судҳои вилоят