ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз 24 ноябри соли 2023 дар толори Суди вилояти Суғд бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҷлиси тантанавӣ якҷоя бо баргузории машғулияти семинарӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро муовини раиси суди вилояти Суғд Шерзода Ҷӯрабек ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки дар кишварамон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 24 ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад.  Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеаи муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон гардидааст.                    Парчами миллӣ, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ ба истиқболи ин ҷашн онро яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон аз қадимулайём унвон кардаанд дар ҳақиқат арзандаи эҳтирому мояи ифтихори ҳар фарди меҳанпарвар аст.

Рӯзи Парчам дар қатори ҷашнҳои нави миллӣ фаромӯшнопазир ва рӯзи ифтихору сарфарозӣ мебошад. Худи парчам барои миллат эътибору шараф ва барои Ватан як нишони муқаддас аст.

Парчамдорӣ, ки ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид, барои миллати фарҳангдӯсту соҳибтамаддуни тоҷик суннати аҷдодист.

Дар таърихи парчаму парчамдории тоҷикону тоҷикистониён қабули Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаи 9 сентябри соли 1991 эълон карда шудани Истиқлолият дар давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши куллӣ ба амал омад. Эълон шудани Истиқлолият масъалаи созмон додани рамзҳои ифодагари истиқлолияти кишвар, аз он ҷумла Парчами давлатиро ба миён овард.

Аз ин лиҳоз, мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд.

Дар идомаи чорабинӣ ҳамчунин судяи суди вилояти Суғд Аҳмадзода Ф., судяи суди ноҳияи Б.Ғафуров Мирзо Носир, судяи суди шаҳри Хуҷанд Рустамзода М. ва судяи суди иқтисодии вилояти Суғд Эмомализода Н.   доир ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Қайд гардид, ки Тоҷикистон имрӯз нисбати дирӯзу солҳои пеш ободу озоду зебо, мардумаш  дар амну осоиш қарор доранд, ки дар ин кор саҳми Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле воло аст.

Инчунин машғулияти семинари давом дода шуда, тибқи нақшаи тасдиқгардида судяҳои суди шаҳру ноҳияҳо маърӯза намуданд.