ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ВА ОСУДАҲОЛӢ

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мисли Паёмҳои қаблӣ аз таҳлили амиқи вазъи сайёраи мо оғоз гардида, дар баробари фарогирии тамоми масоили мубрами соҳоти мухталиф, аз ҷумла таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардум, такмили қонунгузории миллӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ба ин васила расидан ба ҳадафҳои ормонии мардуми мо — бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ заминаи устувор равона гардидааст.

Соли сипаришуда дар таърихи кишвари мо бо чанд рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани 30-солагии Истиқлоли кишвар басо хотирмон гардид.

Дар Паёми Пешвои муаззами миллат рушди устувори мамлакат дар соли сипаригардида дар муқоиса бо солҳои қаблӣ ва нақшаву барномаҳои рушди минбаъдаи кишвар бо таҳлилҳои амиқ ва илман асоснокгардида таҳлил гардиданд.

Рушди устувори мамлакат, иҷрои стратегия ва барномаҳои давлатӣ, некӯаҳволии мардуми кишвар аз таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, суботу оромӣ ва таъмини амният вобастагии ногусастанӣ дорад. Ҳамасола Сарвари давлат дар ин самт дар Паём таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату идораҳо дастурҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат ба мақоми олии қонунгузор ва намояндагии кишвар — Маҷлиси Олӣ супориш доданд, ки тавассути қабули қонуну қарорҳои нав барои таҳкими қонуният, пешгирии қонуншиканӣ, таъмини адолат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати мардум саҳмгузор бошанд.

Барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ воқеан ҳам санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯй ба талаботи замон ва барои рушди кишвар нигаронидашуда зарур мебошад. Дар Паём ба ҳамкории зич ва судманди минбаъдаи вакилони тамоми зинаҳо бо идораву ташкилотҳо ва мақомоти татбиқкунандаи ин санадҳо таъкид гардид.

Сифати кор, рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа аз масъулияти баланди кадрҳо вобастагӣ дорад. Пешвои миллат ба роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ супориш доданд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, тарбия ва тайёр намудан, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд, ки он басо саривақтӣ ва зарур аст.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ба Парлумони кишвар санади сарнавиштсозу ояндасоз буда, барои тадбиқи нақшаҳои пешбинишуда дар самти рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ғоявӣ, фарҳангӣ, маънавӣ мусоидат хоҳад кард.

                                                        Бадриддин ШАРИФЗОДА,

судяи суди вилояти Суғд