Имрӯз, 16 декабри соли 2025, дар суди вилояти Суғд, роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилояти Суғд дастаҷмъона Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд.

Пас аз тамошои Паёми Президенти кишвар, муовини якуми раиси суд Ҳафиззода Т.М. баромад намуда, қайд намуд, ки дастуру супоришҳои дахлдори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар асоси Нақша чорабиниҳое, ки аз натиҷаи паёми навбатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дохилидоравӣ муайян мегарданд, иҷрои он дастуру супоришҳо дар мадди аввали роҳбарияти суди вилоят қарор дода шавад.
Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.