ҚУТБНАМОИ ҶОМЕА

Дар партави Паёми Пешвои муаззами миллат

Қ У Т Б Н А М О И   Ҷ О М Е А

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади сарнавиштсоз ба шумор рафта, роҳу усулҳои даст ёфтан ба ҳадафҳои стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергитикӣ, раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар ва дар ин замина дурнамои рушди устувори сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян менамояд.

Ба ибораи дигар, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як навъ хулосабардорӣ ва дастовардҳои мардуми шарифи меҳан дар як соли охир буда, барномаи тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ барои соли 2021 арзёбӣ мегардад, вазифа, мақсад ва мароми рушди босуръати кишварро дақиқан ва амиқан муайяну мушаххас месозад.

Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат ба тамоми соҳаи хоҷагии халқи кишвар таваҷҷуҳ намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум вазифагузорӣ намуданд. Ҳамчунин, дар Паём оид ба зуҳуроти номатлуб ва хатари терроризму экстремизм, ифротгароӣ, ҷалб гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун изҳори андеша намуда, таъкид доштанд, ки бояд мо барои ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзу суботи оромӣ чораандешӣ намоем. Изҳор гардид, ки сол аз сол ин гурӯҳҳои тундрав дар тамоми ҷаҳон сафи худро зиёд намуда истодаанд. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки барои пешгирии ин ҳолат ба ҷавонон, дар тарбияи онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монем. Бинобар ин, роҳбарони вазорату сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзу ҳуқуқ ва ҷавонон бояд чораву тадбирҳо андешанд.

Имрӯз моро зарур аст, ки барои ҳамаҷониба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум талош варзида, баҳри ҳамаҷиҳата таъмин намудани зиндагии шоиста ҷидду ҷаҳд намоем. Зеро тинҷию осоиштагии кишвар аз амали накӯкоронаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вобастагии калон дорад.

Бахтиёр ОҚИЛЗОДА

Раиси Суди вилояти Суғд