ВАҲДАТ-ШУКУФОИИ МИЛЛАТ

Имрӯзҳо мардуми кишвар ба ҷашни 25-солагии баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ омодагии ҳамаҷониба мегиранд. Зеро ин рӯзи барои мардум басо муқаддас ва муътабар аст. Маҳз баъди баимзорасии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар диёри ҷангзадаи мардуми тоҷик боз шодиву сурур, хурсандиву хушнудӣ ва аз ҳама муҳимаш тинҷию осоиштагӣ танинандоз гардид.

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии кишвар аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ хукмфармост, он давлат рӯз то руз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёт пеш меравад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ қавитар мегардад. Маҳз, бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ, мамлакат обод гардид. Танҳо сиёсати сулҳпарварона ободкоронаи Сарвари давалат буд, ки душворию монеаҳо паси сар шуд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ ба рӯ шуд. Чӣ тавре ки дар хотир дорем, дар он рӯзҳо хатари пароканда шудани миллати тоҷик, пора гардидани он вуҷуд дошт ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар пешорӯи таърихи навини мо қарор гирифта буд.

Маҳз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ба чунин рӯзи пурсаодат расидем. Имрӯз ба диёри ободу зебо, биноҳои бошукӯҳ дида медӯзаму мегӯям, ки ин ҳама паёмади Ваҳдати миллӣ аст. Бале, хонаи ободу дастурхони пурнозу неъмат, меҳнати озоду табъи дил маҳз аз Ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад.

 

Сурайё ҶАББОРОВА,

котиби маҷлиси судии

Суди вилояти Суғд