ВАЗЪИ КУНУНИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНИРО ОМӮЗЕМ

Дар ҷаҳони имрӯза кишваре нест, ки аз таъсири амалҳои террористӣ нигарон набошад. Террор ин таҳдид ба тамаддуни умумибашарӣ буда, террористон арзишҳои олии инсонӣ, миллӣ ва динию мазҳабиро зери по карда, бо мақсади амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки худ ба ҷиноят даст мезананд.

Мо бояд ба тарбиятгарони худ талқин намоем, ки шукронаи обу хоки диёр, осмони софу беғубор намоянд ва ҳаёти суботкоронаву ободгароёна дошта бошанд. Зиёда аз ин насли ҷавони худогоҳи мо бояд бидонад, ки натиҷаи ҳодисаҳои ваҳшатангези солҳои наваддум айни замон дар шакли созмони террористии ба ном «давлати исломӣ» дар сатҳи байналмилалӣ зуҳур намуда, ин хоинони ватан бо ҳар роҳ мехоҳанд ҷавононро гумроҳ созанд ва ононро ба сафи ифротгароён ҷалб карданӣ мешаванд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро лозим аст, ки ҷавононро ба ҳушёрии сиёсӣ даъват кунем, аз ҳадафҳои нопоки ин хоинони Ватан насли ояндасози мамлакатро огоҳ намоем, то ки онон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи кишвар саҳмгузор бошанд.

Қобили тазаккур аст, ки бе шинохти дурусти гузашта бунёди рӯзгори имрӯза ва тарҳрезии нақшаҳои рушди оянда имконнопазир аст. Муаррифии арзандаи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои асилу баландмақоми воқеии дини Ислом дар тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир мебозад, зеро он панду ибрат ва муаррифгари сатҳу маънавиёти баланди ахлоқи ҷомеаи башарият аст.

Ҳамчунин, ҳамаи маълумотҳои вобаста ба ин созмони террористӣ ва робитаҳояш бо хоҷагони хориҷӣ ва созмонҳои террористӣ ба таври комил ошкор шуд ва соли 2019 барои ин хиёнатпешагон соли шикаст буд.

Маҳз дар соли 2019 ҳақиқатҳо ошкор шуд ва ҳама он пинҳонкорие, ки онон анҷом медоданд, ифшо гардид. Далелҳои амиқ ба миллати тоҷик чеҳраи ҳақиқии ин ифротгароёнро ошкор сохт ва чандин созмонҳои байналмилалӣ ҳам ин ташкилотро террористӣ – экстремистӣ  эътироф ва фаъолияташро дар давлатҳои аъзо маҳкум намуданд. Зеро омилҳои хатарзо барои амнияти башарият ҳамин созмонҳои террористӣ – экстремистӣ ба ҳисоб мераванд, ки имрӯз аксарияти кишварҳо ин созмонҳои террористиро ба рӯйхати гурӯҳу созмонҳои хатарнок ворид сохтаанд ва дар сомонаҳову нашрияҳо роҷеъ ба ин маълумоти зиёде нашр гардидааст.

Аз ин лиҳоз, моро зарур меояд, ки бештар ба омӯзиши ҷиддии вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ пардохта, дар шинохти ташкилотҳои террористӣ ба аҳли ҷомеа мусоидат намоем ва шаҳрвандон, алалхусус ҷавонони ноогоҳро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро эмин дорем.

Дар партави сулҳу суботи комили кишвар ва таъмини рушди устувори он бояд ба эътибор гирифт, ки хусусияти ташвишовар касб намудани терроризм ва экстреризми динӣ барои давлатҳои миллии рушдкунанда хатари ҷиддӣ эҷод менамояд.

 

                                              Шавкатбек  ОБИДИЁН,

                                             судяи суди вилояти Суғд