АСОСҲОИ АДОЛАТИ СУДӢ

Ба пешвози 95-солаи мақомоти судӣ

АСОСҲОИ АДОЛАТИ СУДӢ

Ҳокимияти судӣ мутобиқи моддаи 84-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил буда, ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Аз таҷрибаи таърихи ҳокимияти судӣ метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки мурофиаи судӣ ягона шакли муқаррар намудани ҳақиқати воқеӣ, беҳтарин роҳи ҳалли ҳар гуна муноқишаҳост. Суд на танҳо манфиати шахсони алоҳида ё ташкилоту муассиса, балки давлатро низ ҳимоя мекунад, ки дар ҷамъият онро адолати судӣ мегуянд. Таъмини адолат ҳамон вақт имконпазир мегардад, ки агар худи мақомоти судӣ аз ҳаргуна фишору дахолати ниҳодҳои давлатӣ озод буда, судяҳо дар асоси далелҳои мавҷуда, холисона, аз рӯи виҷдон ва донишу малакаи касбиашон ҷустуҷӯ ва дарёфт кунанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз ҷониби судяҳо амалӣ мегардад. Ин нуқта ба он ишора мекунад, мақомоти дигар ё шахсони алоҳида ҳуқуқи таъмини адолати судиро ба ҷуз ҳокимияти судӣ надорад.

Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳукуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Аз ин рӯ, дар чунин сохтори давлатдорӣ ягон мақомот ва ё ташкилоту муассиса бе асоси қонунӣ амал карда наметавонад. Барои ҳамаҷониба равшан кардани вазифаҳо, тарзу усули фаъолият ва ҳалли масъалаҳое, ки дар назди мақомоти судӣ истодаанд, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 6 августи соли 2001 қабул гардидааст, роҳнамои мақомоти судӣ мебошад.

Ҳам дар Конститутсия ва ҳам дар Қонуни мазкур асосҳои адолати судӣ муқаррар шудаанд. Мутобиқ ба ин санадҳо адолати судиро танҳо Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе дар амал татбиқ мекунанд.

Адолати судӣ мафҳумест, ки дар иҷрои он судҳо меъёрҳои ҳуқуқиро нисбат ба баҳсҳо ва масъалаҳои дигари ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ, оилавӣ ва маъмурӣ дар маҷлисҳои судӣ татбиқ менамоянд. Суоле ба миён меояд, ки адолати судиро судяҳо ва кормандони гуногуни мақомоти судӣ дар асоси кадом меъёрҳои ҳуқуқӣ амалӣ мегардонанд? Ин меъёрҳо пеш аз ҳама аз принсипҳои асосии фаъолияти судӣ сарчашма мегиранд. Яке аз принсипҳои асосии фаъолияти суд ин баробарии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату нажод, вазъи иҷтимоӣ, ақидаҳои сиёсӣ, мансубият ба дину мазҳаб ва навъи машғулият ба шумор меравад. Яъне, дар истифода аз ҳуқуқи ҳимояи судӣ ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин ашхоси бетабаа бо ҳам баробаранд.

Мустақилияти пурраи судҳо ин принсипи дигари фаъолияти онҳо ба адолати судӣ, судҳо танҳо ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда итоат мекунанд. Ваколат, дахлнопазирӣ, махфӣ будани машварати судҳо ҳангоми баровардани санадҳои судӣ, ҳуқуқи ба истеъфо баромадан, ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбат ба суд ва дигар масъалаҳои фаъолияти судро қонун муайян кардааст.

Забони мурофиаи судӣ принсипи дигари адолати судӣ мебошад. Асосан мурофиаи судӣ бо забони давлатӣ ва ё бо забони аксари аҳолии маҳал сурат мегирад. Дар ҳолати надонистани забони давлатӣ шахсони алоҳида бо тарҷумон таъмин карда мешаванд, ки ин талабот дар моддаи 88-уми Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳ баён шудааст.

Ҳангоми мурофиа ва фаъолият судҳо комилҳуқуқ буда, дахолати субъектҳои беруна қатъиян манъ мебошад. Дахлнопазирии судяҳо чунин маъно дорад, ки на танҳо шаҳсияти судя, балки манзил, ҷои кор, нақлиёт, воситаҳои алоқа ва ҳуҷҷатҳои шахсии ӯ низ дахпнопазиранд.

Принсипи аз ҳама муҳими адолати судӣ ин ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ мебошад. Санадҳои судӣ аз ҳукму ҳалнома, таъинот ва қарорҳои судӣ иборат буда, баъди эътибори қонунӣ пайдо карданашон дар тамоми қаламрави мамлакат иҷрои ҳатмиро талаб мекунанд ва бе ягон монеа бояд иҷро шаванд.

Принсипи таъмини амнияти судяҳо охирон принсипи адолати судӣ ба ҳисоб меравад. Таърихи тамаддуни инсоният аз рӯзи ба вуҷуд омадани адолати судӣ ин принсипро ба иҷро мерасонд. Дар ҳама давру замон, новобаста аз сохти давлатдорӣ, амнияти ин гуруҳи одамон таъмин мешуд. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, на танҳо амнияти судяҳо, балки аъзои оила ва молу мулки онҳо низ таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор гирифтаанд.

Дар давоми 95 соли мавҷудияти хеш мақомоти судии Тоҷикистон аз як Комиссариати халқии адлияе, ки 14 декабри соли 1924 ташкил ёфта буд, имрӯз ба мақомоти гуногуни ҳифзи ҳуқуқ, Суд, Шӯрои алдия, Вазорати адлия, марказҳои илмию татқиқотии ҳуқуқӣ, дигар ниҳодҳои судии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ арзи ҳастӣ намудааст. Ба ибораи дигар, мақомоти судӣ ҳоло чун ҳокимияти махсусе, ки адолати судиро амалӣ месозад, ташаккул ёфтааст.

Дар дарони соҳибистиқлолӣ ба зиммаи судҳо вогузор шудани вазифаҳои нав, аз қабили ҳаллу фасли масъалаҳои фарзандхондӣ, иҷозат додан барои ба ҳабс ҳисоб гирифтан, нишони боварии комили давлат ба фаъолияти ин мақомот мебошад. Кормандони судро зарур аст, ки ҷавобан ба чунин бовариҳо фаъолияти худро ҳамеша дар асоси меъёрҳои инсондӯстӣ ва ҳақиқату адолат ба роҳ монанд.

 

С.ШАМСЗОДА,

судяи Суди ноҳияи

Спитамен,

 Р.НАСРИДДИНЗОДА,

 ёрдамчии Раиси Суди

вилояти Суғд

рӯзномаи “ПАЁМИ СПИТАМЕН”