Имрӯз, дар толори суди вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти се моҳаи суди вилояти Суғд баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Раиси суд Рушанзода С.Р. ҷаласаро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, вобаста фаъолияти суди вилояти Суғд дар се моҳаи соли 2026 баромад
намуда, қайд кард, ки муовинони Раиси суд ва судяҳоро зарур аст, ки камбудиҳои дар семоҳаи аввали соли 2026 дар фаъолияти суд ошкоршударо бартараф намуда, барои ислоҳи он чораҳои иловагӣ андешанд.
Инчунин, Раиси суд ба муовинони Раиси суд ва судяҳои вилоят дастур дод, ки парвандаҳои судӣ, шикоят ва эътирозҳоро дар муҳлати муқарраршуда ва онҳоро бештар дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ карда, дар ҳолати ҷой доштани асосоҳои кофӣ таъинотҳои хусусӣ қабул намоянд. Илова бар ин, Раиси суд хотиррасон намуд, ки фаъолияти Суди вилоят дар семоҳаи аввали соли 2026 вобаста ба ташвиқоту тарғибот ба талабот ҷавобгӯ набуда
зарур аст, ки шумораи онро то ҳисоботи шашмоҳа бештар намоянд.
Ҳамчунин Раиси суд супориши роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои фармоиши Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, шахсони масъулро таъкид намуд, ки супориши мазкур дар муҳлати муқаррар шуда ба иҷро расонида, маълумот ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Дар анҷом, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.