НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Имрӯз, 8 августи соли 2019 дар суди вилояти Суғд вобаста ба натиҷаи фаъолияти суди вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар нимсолаи аввали соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди вилоят иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси суди вилояти Суғд Оқилзода Бахтиёр Даврон оид ба натиҷаи фаъолияти судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар давоми нимсолаи аввали соли 2019 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ахбороти муфассал пешниҳод гардид.

Қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 21 316 адад парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ баррасӣ гардидаанд.

Аз ин шумора 1728 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 2423 адад парвандаҳои гражданӣ, 5371 адад парвандаҳои оилавӣ ва 8006 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ташкил медиҳанд, ки дар марҳилаи якуми суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Ҳамзамон, дар ин давра дар коллегияҳои судии суди вилоят 298 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 173 адад парвандаҳои гражданӣ, 200 адад парвандаҳои оилавӣ ва 66 адад парвандаҳои маъмурӣ баррасӣ гардидаанд.

Давоми нисолаи аввали соли 2019 се маротиба ҷаласаи Раёсати суди вилояти Суғд гузаронида шуда, ба тариқи назоратӣ 48 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 2 адад парвандаҳои гражданӣ, 2 адад парвандаҳои оилавӣ ва 11 парвандаҳои маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби судҳои вилоят 171 адад парвандаҳо баррасӣ гардидааст. Аз рӯи парвандаҳои баррасӣ гардида, нисбати 145 шахс ҷазои ҷарима ба маблағи 780 125 сомонӣ таъин карда шудааст.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 1877 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст. Дар натиҷаи баррасӣ нисбати 778 шахсон огоҳӣ ва нисбати 975 нафар ба маблағи 159185 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.

Судҳои вилоят дар нимсолаи аввали соли 2019 аз рӯи маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи амвол ба тариқи маблағҳои пулӣ, товони зарари аз тасарруфи амволи давлатӣ ва зарари аз дигар ҷиноятҳо расонидашуда, инчунин аз рӯи даъвоҳои прокурорҳо ва аз рӯи навиштаҷотҳои иҷроишии мақомоти гуногуни давлатӣ, маблағи умумии 12 млн. 327 ҳазору 498 сомонӣ амалан ба буҷети ҷумҳурӣ рӯёнидаанд.

Роҳбарияти суди вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рӯзҳои шанбе 197 нафар шаҳрвандонро қабул намуда, арзу шикоятҳои онҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Нимсолаи аввали соли 2019 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо 3046 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ дар телевизиону радио 418 баромадҳо доир намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 153 мақолаҳо ба нашр расонида, дар коллективҳои меҳнатӣ 1246 вохӯрию мулоқот баргузор намуданд.

Аз ҷониби судҳои вилоят бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир кардани ҷиноят мусоидат кардаанд, аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ 3797 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда шудааст.

Суди вилояти Суғд