МАҶЛИСИ КОРӢ

Имрӯз, 08 апрели соли 2025 дар толори Суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода рӯзномаи онро эълон намуда, аз ҷониби Раиси суд супоришҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонда эълон карда, қайд намуд, ки супоришҳои мазкур  қатъиян ба иҷро расонида шавад.

Раиси суд супориши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонда эълон карда, қайд намуд, ки баҳри амалисозии Стратегияи мазкур судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, содиқонаю поквичдонона амал намуда, фаъолияти худро танҳо дар асоси талаботи қонун ба роҳ монанд ва корҳои тарғиботи ва ташвиқоти дар мавзуҳои зиддикоррупсионӣ тавассути суҳбату вохуриҳо бо аҳолӣ, воситаҳои ахбори омма, матбуоти даврӣ, шабакаи интернет ва сомонаи суд амалӣ карда шаванд то ин, ки аҳолии кишвар аз сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳонида шаванд.

Инчунин раиси суд вобаста ба супориши дигари Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди риояи интизоми меҳнат, одоб ва ахлоқ баромад карда, қайд намуданд, ки риояи интизоми меҳнат, одобу ахлоқи ҳамидаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ба обрую эътибори ҳокимияти судӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Зарур аст, ки ҳар як судя ва кормандони дастгоҳи суд интизоми меҳнатро қатъӣ риоя намуда, қоидаҳои умумиқабулшудаи ахлоқро зимни муошират бо шаҳрвандон амали сохта, дар ҷои кор қатъиян нӯшокиҳои спиртиро истеъмол накунанд ва барои пешгири кардани ин ҳолатҳо тамоми чораҳои дахлдорро андешанд.

Илова бар ин, раиси суди вилоят хотир расон намуд, ки зимни баррасии эътирозҳои назоратӣ талаботи қисми 6 моддаи 408 КМҶ ҶТ-ро риоя намоянд.

Дар маҷмуъ ҷиҳати иҷроиши супоришҳо ҳамаи тадбирҳои қонунӣ аз ҷониби Роҳбарият, судяҳои суди вилоят, Раисони судҳои шаҳру ноҳияҳо муовинони Раис ва судяҳо андешида шаванд.

Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои онҳо ба шахсони масъул супурда шуд.