МАҶЛИСИ КОРӢ

Санаи 20 октябри соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, аз ҷониби Раиси суд нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини рушди ҳамаҷонибаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободу зебо гардонидани кишвар софдилонаву содиқона ба давлату миллат хизмат кардан бо такя бо мардум ва  супоришҳои муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гардиши пурраи электронии ҳуҷҷатҳо тавассути низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва ирсоли варақаҳои иҷро дар қисми руёнидани товони зарар аз рӯи ҳукмҳои судӣ ба муассисаҳои ислоҳиро хонда, қайд намуд, ки дар фаъолияти суд ба роҳбарӣ гирифта шуда, қатъиян ба иҷро ва дуруст ба роҳ монда шавад.

Дар баромади худ Раиси суд, қайд намуд, ки ҳар як судя ва корманди дастгоҳи суд бояд содиқона ва софдилона ба давлату миллат хизмат карда, санадҳои асосноку қонунӣ қабул намояд, ки барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат мусоидат намоянд.

Инчунин Раиси суд қайд намуд, ки муросилоти мактубҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои байни судҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тавассути низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ба амал бароварда шуда, омӯзиши талаботи Дастурамали намунавӣ мунтазам ба роҳ монда шавад.

Илова бар ин, Раиси суд, муовинон ва судяҳои сарпарастро таъкид намуд, ки Раисони судҳои дахлдорро дастур диҳанд, ки пас аз эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми судӣ зарур аст, ки вобаста ба иҷрои товони зарар варақаи иҷро тартиб дода шуда, сараввал ба Хадамоти иҷрои маҳалли зисти маҳкумшуда, ирсол намоянд, сипас баъди гузаронидани амалҳои иҷро иҷроварақаи мазкурро ба маҳалли адои ҷазои маҳкумшуда ирсол кард шавад.

Чунончӣ Раиси суд мактуби муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонда, қайд намуд, ки омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳатмӣ буда, ба  муовинони Раиси суд супориш дод, ки сатҳи дониши судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро санҷида ба Агентӣ хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳанд.

Ҳамчунин Раиси суд вобаста ба фаъолияти сомонаҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва суди вилоят баромад карда, ба шахсони маъсул хотиррасон намуд, ки сомонаи суди вилоят бо забони тоҷикӣ ва забони русӣ боз ҳам фаъолтар карда шуда, махсусан рӯйхати парвандаҳои барои баррасӣ таъиншуда, мурофиаҳои сайёри судӣ, маълумот оид ба парвандаҳои дар шабакаи иҷтимоии расонагӣ шуда, чорабиниҳо бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд гузаронида шуда, чопи мақолаҳо ва дигар маълумотҳо оид ба фаъолияти суд ҷойгир карда шавад.

Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.