Вохӯрии кормандони суди вилояти Суғд бо сокинони ҷамоатҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Санаи 18 октябри соли 2025 муовини аввали раиси суд Ҳафиззода Т.М., судяи суди вилояти Суғд Бобокалонзода З.К. ва  кормандони дастгоҳи суди вилояти Суғд М¢минзода Н.,Ғуломов М. бо сокинон, омӯзгорон ва хонандагони Ҷамоати деҳоти  Унҷӣ ва Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ гузарониданд.

Маҷлиси ҷамоати Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров-ро Раиси ҷамоати  Унҷӣ ва маҷлиси ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров-ро муовини Раиси ҷамоат кӯшода эълон карда, кормандони суди вилояти Суғдро ба иштирокчиёни маҷлис муарифи карда, суханро ба муовини якуми Раиси суди вилояти Суғд Ҳафиззода Т.М. дод.

Дар маҷлис муовини якуми раиси суди вилоят Суғд Ҳафиззода Т.М. доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар низоми энергетикӣ, зӯроварӣ дар оила ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” баромад намуда, ба ҷамъомадагон оид ба мафҳум ва моҳияти Қонуни мазкур фаҳмонда дод, инчунин  вобаста ба қонунҳои амалкунанда мисолҳо оварданд ва ба саволҳои аз ҷониби иштирокчиён дода шуда, ҷавобҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин судяи суди вилояти Суғд Бобокалонзода З.К. вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар низоми энергетикӣ баромад карда, доир ба самтҳои асосии Қонуни мазкур ба иштирокчиен фаҳмонда, ба саволҳои иштирокчиени маҷлис посухҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамчунин қайд намуд, ки тартиби гузаронидани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷиктсон, оиди пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар низоми энергетикӣ, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қувваи барқро сарфакорона истифода карда ба зиёдаравӣ роҳ надиҳанд пешбини гардидааст.

Дар навбати худ пристави суди вилояти Суғд Муминзода Н. оиди зӯровари дар оила ва роҳҳои пешгирии он суханрони намуда, қайд кард, ки зӯроварӣ амале мебошад, ки ҳеҷ узре надорад, новобаста аз он, ки қай ва дар куҷо содир шуда бошад. Баҳри бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ва вайроншавии оилаҳо чораҳои доимӣ бояд андешида шавад.

Инчунин котиби маҷлиси судии суди вилояти Суғд Ғуломов М.М. дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” вобаста ба мафҳум ва моҳият, мақсад ва вазифаҳои он ба ҳозирин фаҳмонда, ба саволҳои иштирокчиен ҷавобҳои мушаххас дод.

Дар анҷономи маҷлисҳои мазкур муовини якуми Раиси суди вилоят Суғд иштирокчиён маҷлисҳои мазкурро бо омад омад идҳои дар пеш истода табрик намуда, маҷлисҳои мазкурро ба охир расониданд.