СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ СУДЯҲО ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲҲОИ СУДҲО

Санаи 31 октябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи суди вилояти Суғд семинари омӯзишии соҳавӣ баргузор гардид. Дар семинари мазкур Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р., раиси суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П., муовинони раис ва судяҳои суди вилояти Суғд, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва раис, судяҳои суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, инчунин кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.

Дар семинари мазкур аз ҷониби судяҳо дар мавзӯҳои “Оид ба таъини ҷазоҳои асосӣ ва иловагӣ (моддаҳои 48-59 КҶ ва Қарори Пленумы Суди Олии ҶТ аз 29 майи соли 2003 таҳти №11 “Дар бораи таҷрибаи судии аз ҷониби судҳо таъин намудани ҷазоҳои иловагӣ”)”, “Муқаррар намудани ҳолатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ (боби 28 КММ ҶТ ва Қарори Пленуми Суди Олии ҶТ аз 29 майи соли 2003 таҳти №8 “Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба муқаррар кардани ҳолатҳои аҳамияти ҳуқуқӣ”)”, “Баррасии парвандаҳо оид ба фарзандхондӣ (боби 19 КО ҶТ ва боби 29 КММ ҶТ, Қарори Пленуми Суди Олии ҶТ аз 02.10. соли 2003, №17 “Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳо оид ба фарзандхондӣ”)”, “Омӯзиши боби 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва моддаи 481 КҲМ ҶТ,” “Аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда” ва таҳлили сабабҳои тағйирёбӣ ва бекоршавии санадҳои судӣ маърӯзаҳо намуданд.

Инчунин кормандони дастгоҳ дар мавзӯҳои “Оиди шарҳи боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ӯҳдадориҳои алиментдиҳии волидон ва фарзандон (Боби 13, моддаҳои 80-89 КО ҶТ)”, “Асосҳои бедарак ғоибшуда эътироф намудан ва вафоткарда эълон намудани шахси воқеӣ ва оқибатҳои ҳуқуқии он”, “Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт (боби 19 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон)”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот” аз 25 июни соли 2021, №1783” баромад намуданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидор, донишҳои ҳуқуқӣ ва такмили малакаҳои амалии судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ ташкил шуда, ба иҷрои талаботи қонунгузории амалкунанда ва беҳтарсозии хизматрасонии судӣ равона гардидааст.