Пешво – ҳомии хирадсолори Конститутсия

Дар ҷодаи тарҳрезӣ ва муайянсозии сиёсати ҳуқуқии кишвари соҳибихтиёрамон Конститутсия мавқеи намоён ва нақши барҷаста дорад, зеро он аз якҷониб, дар муқаррароти хеш азму ирода, орзуву ормон ва ғояву маромномаи ҳамватанони моро ифодагар ва таҷассумкунанда буда, аз ҷониби дигар, заминасоз ва ҳидоятгари тараққиту ҷомеаи шукуфон ба шумор меравад, ки тӯли 31 сол ин рисолати ҳаётӣ ва таъиноти пуршарафро ба унвони санади муқаддас ва арзиши сарнавиштсозу неъмати гаронбаҳо басо пурсамару натиҷабахш ба иҷро расонида истодааст.

Ҳарфи инъикоскунандаи ҳақиқати таърихӣ ва сухани бозгӯйи воқеияти ҳолро хоҳем гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосӣ ва иқдомгари аслии таҳия ва қабули нахустин Конститутсияи давлати озоду соҳибистиқлоли  Тоҷикистон мебошанд, ки ин рӯйдод падидаи беназири таърихи давлатдорӣ, ҳастӣ ва мавҷудияти миллати сарбаланди тоҷик мебошад. Аз он нигоҳ, ки маҳз қатъияти, истодагарӣ, ҷасорати фардӣ ва сарвариву роҳнамоии оянданигаронаи Пешвои миллат буд, ки бо вуҷуди сангинии вазъияти он замон Конститутсияи мамлаккат таҳия шуда, ба таври фарогир мавриди муҳокимаи омма қарор гирифт ва ниҳоят, тариқи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Роҳбари давлат масъулияти ҳомии хирадсолори Конститутсия, кафили Истиқлоли давлатӣ ва пойдориву бардавомии миллат  буданро ба таври шоиста анҷом дода истодаанд, ки аз шарофати чунин чунин дарки масъулияти баланд комёбӣ пайи комёбӣ насиби мо, соҳибватанон гардида, музаффариятҳои зиёди даврони озодиву соҳибихтиёриамонро торафт афзуда истодааст.

Шинохт ва эътирофи моҳияти демократии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи муътабари байналмилалӣ шаҳодатгари он аст, ки миллати тоҷик давлатсозии мустақилро озодонаву огоҳона бо такя ба ҳарфу ҳиҷои қонун ва меъёрҳои пазируфташудаи низоми ҳуқуқии ҷаҳонӣ амалӣ намуда, саодату бақо ва татбиқи ҳадафҳои созандаашро пойбанди меъёру арзишҳои бахтномаи миллӣ, муҳимтарин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ва санади волои ормонҳои хеш медонад.

Эҳтиром гузоштан ба арзиши Конститутсия аз фазилати баланди инсонӣ дарк дода, нишонаи равшани садоқатмандӣ ба муҷаддасоти миллӣ ва ҳисси баланди соҳибдавлативу ифтихори ватандорӣ ба шумор рафта, фарҳанги сиёсӣ ва маърифатиҳуқуқии фард дар он зоҳир мегардад.

Бо муҳим шуморидани ин нукта Пешвои миллат даъватхоҳона ба кулли мо, ҳамватанон чунин таъкид менамоянд:

“Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем”

Муҷаддасоти миллӣ, мавқому ҷойгоҳ ёфтани Конститутсия, соҳиби Конститутсияи давлати озоду мустақил будан танҳо боиси сарфарозӣ набуда, ҳисси сарбаландиест, ки дар пайи худ масъулият дорад. Аз ин рӯ. Дарин таъкиди Роҳбари давлат дар баробариарҷҷгузорӣ ба арзишу меъёрҳои Конститутсия ҳидоятгароёна кӯшиш намудан дар роҳи амалисозии ҳадафҳои созанда даъват ба амал оварда мешавад.

Соҳибдавлативу соҳибватании мо аз файзи истиқлол ва асосноккунии ҳуқуқии Конститутсия сарчашма гирифта, бо шарофати мактаби сарварии сиёсии Пешвои миллат такомул пайдо намуда, роҳи тараққиёти устувор ва тавсеаи доманадор басамти ободкориҳои бештар танҳо бо қувват бахшидани тамоюлҳои муттаҳидиву ҳамбастагӣ миллати моро боз ҳам пирӯзманду комёб нигоҳ хоҳад дошт.

Чун Конститутсияи Тоҷикистон маҳсули афкору ақидаи инсондӯстона ва адолатпарваронаи мардуми мост, дар мазмуну муҳтавои он сиришти сулҳхоҳонаву маънавиётгарона, суннатҳои дӯстии ҷовидона ва анъанаву таҷрибаи қонунпазирии миллати тоҷик ба таври намоён зоҳир мегардад, ки ин хусусияти муҳим на танҳо мақому ҷойгоҳи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва расмии Конститусияи моро барҷаста месозад, балки ҷанбаи ғоявӣ ва аҳамияти назариявию тафсирии онро низ тақвият мебахшад.

Зуҳури равшани ватандӯстӣ ва иҷрои дурусти қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ хоҳад буд, агар ҳар яки мо дар арсаи ҳифзи арзишҳои Конститутсия дар посух ба ҳидоятҳои некхоҳонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмдору ташаббускор ва даст ба домони амали фаъоли ободгароёна бошем, то садоқати хешро ба санади сарнавиштсози кишвари соҳибистиқлоламон  собит намуда, дар боз ҳам боло бурдани шукуҳу эътибори муқаддастарин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқии мамлакати озоду осудаамон ҳиссагузории шоиставу шоён намоем.

Рушанзода Суҳроб Рушан

Раиси суди вилояти Суғд