МАҶЛИСИ КОРӢ

Санаи 8 декабри соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, нақшаи қабули ҳисоботҳои омории судҳо дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2025-ро хонда эълон карда, қайд намуд, ки то санаи 11 декабри 2025 сол баррасии парвандаҳоро дар марҳилаи якум, марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ анҷом дода, судяҳоро зарур аст, ки барои тартиб додани ҳисоботҳо ва руйхати замимашуда, маълумотҳои заруриро ба дафтархонаҳо дақиқ ва дар мӯҳлат пешниҳод намоянд.

Илова бар ин, Раиси суд шахсони масъулро таъкид намуд, ки варақаҳои омориро пур намуда, сатрҳои ҳисоботҳои оморӣ мувофиқан қайд карда шуда, ҳамаи ҳисоботҳои оморӣ дақиқ ва пурра санҷида шуда, бо ҳуҷҷатҳои замимашуда, барои қабул ва муҳокима ба Раиси суд пешниҳод намоянд.

Инчунин, Раиси суд супориши хаттии муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хонда қайд намуд, ки аз паҳн намудани акси шахсони дар натиҷаи содиршавии ҷиноятҳо ва дигар ҳодисаҳо ба ҳалокатрасида тавассути телевизион ва шабакаи интернет, ки ба руҳияи мардум таъсири манфӣ мерасонад, қатъиян худдорӣ карда шавад.

Чунончӣ, Раиси суд қайд намуд, ки муовинони Раиси суд ва судяҳоро зарур аст, ки санадҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии судиро таҳлил карда, вобаста ба зиёдшавии он аз рӯи категория мавзӯъҳо интихоб намуда, баъд аз муҳокимаронӣ ба Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шавад.

Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.