Вохӯрии кормандони суди вилояти Суғд бо сокинони шаҳраки Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон

Баҳри иҷрои супориши протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пурзӯр намудани назорат ва пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар низоми энергетикӣ санаи 20 декабри соли 2025 муовини якуми раиси суд Ҳафиззода Т.М., судяҳои суди вилояти Суғд Аҳмадзода Ф. ва Ашурзода Н.А. дар шаҳраки Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон бо сокинон, омӯзгорон ва занону ҷавонон вохӯрӣ гузарониданд.

Дар вохӯриҳо муовини якуми раиси суди вилояти Суғд Ҳафиззода Т.М. оид ба паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуд.

Инчунин судяҳои суди вилояти Суғд Аҳмадзода Ф. ва Ашурзода Н.А. вобаста ба истифодаи самараноку оқилонаи неруи барқ баромад намуда, қайд намуданд, ки тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст”.

Ҷиҳати бартарафсозии ҳама гуна дахолатҳои беасос ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва вайронкуниҳои қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ 15 апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд.

Албатта дар тағйироти воридшуда боз ҳам принсипи инсондӯстӣ ба инобат гирифта шудааст, яъне қонунгузор пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ ба гунаҳгор имконият медиҳад, ки ислоҳ шавад ва танҳо агар гунаҳгор ислоҳ нагардад ва давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ боз чунин кирдорро содир кунад, мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор мегирад. Аз ин нуқтаи назар ҳар истифодабарандаи қувваи барқ уҳдадор аст, ки таҷҳизоти ҳисоби барқиро бо тартиби муқарраргардида насб намуда, сипас ба истифодаи қувваи барқ шуруъ намояд. Аз ин рӯ, асбобҳои андозагирии барқӣ бояд аз стандарти давлатӣ ва назорати техникӣ гузаронида шуда, бо гузоштани пломбаҳои муқарраршуда ва ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ карда шаванд. Истифодабарандагон ҳуқуқи худсарона ва бе риояи тартиби муқарраршуда кандани пломбаҳои асбобҳои андозагирии барқиро надоранд. Ҳисобкунакҳо бояд муҳр (пломба) дошта бошанд ва ҳар гуна тағйирот дар он танҳо бо иштироки мутахассисони расмӣ бояд гузаронида шавад. Аз насби дастгоҳҳои магнитӣ ё дахолати техникии ғайриқонунӣ худдорӣ бояд кард. Дар ҳолати шубҳа ба нишондоди ҳисобкунак фавран ба мутахассисони соҳа муроҷиат намудан зарур аст.

Илова бар ин, тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузории кишвар дар ин самт қабул гардидаанд, бо мисолҳои мушаххас ба саҳми иштирокчиёни маҷлисҳои мазкур расониданд.

Дар охир муовини якуми раиси суди вилояти Суғд Ҳафиззода Т.М. оид ба аз даст надодани зиракӣ, таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, маҷлисҳои мазкур ба охир расониданд.