МАҶЛИСИ КОРӢ

Санаи 23 декабри соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, супориши хаттии муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта муосидаткунанда ва маълумотномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаи расонидани ёрии амалӣ ва санҷиши фаъолияти судҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Истиқлол ва суди вилояти Суғд хонда эълон кард.

Раиси суд дар баромади худ, қайд намуд, ки бо мақсади дастрасии иттилоот ва инъикоси доимии фаъолияти суд талаб карда мешавад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқи ба роҳбарӣ гирифта шуда, пешбурди корӣ сомонаи судӣ вилоят ҷоннок карда шуда, дар онҳо маълумотҳое, ки фаъолияти судро инъикос менамоянд, махсусан рӯйхати парвандаҳои барои баррасӣ таъиншуда, мурофиаҳои сайёри судӣ, маълумот оид ба парвандаҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонагӣ шудаанд, иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд дар чорабиниҳои гуногун ва дигар маълумотҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар сомонаи суд аз ҷониби шахсони масъул мунтазам ҷойгир карда шаванд.

Инчунин раиси суд қайд намуд, ки гуруҳи кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти судҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Истиқлол ва суди вилояти Суғдро санҷида аз натиҷаи он маълумотнома тартиб дода ба суд ирсол гардидааст.

Муовини раиси суди вилояти Суғд Зарифӣ Ф.Н. маълумотнома оиди ба расонидани ёрии амалӣ ва санҷиши фаъолияти кории суди вилояти Суғдро хонда эълон карда, аз рӯи ин маълумотнома Раиси суд камбудиҳои ошкоршударо аз судяҳои дахлдор пурсон шуда, таъкид намуд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда, тамоми чораҳои зарури андешида шавад.

Муовинон ва судяҳои суди вилояти Суғд дар баромадҳояшон қайд намуданд, ки камбудии дар маълумотнома нишондодашуда нисбати онҳо дуруст мебошад, минбаъд ба чунин камбудиҳо роҳ намедиҳанд.

Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.