МАҶЛИСИ КОРӢ

Санаи 29 декабри соли 2025 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, эродҳои Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни супоридани ҳисоботҳои оморӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонда эълон кард.

Раиси суд дар баромади худ, қайд намуд, ки санаи 26.12.2025 сол аз рӯи нақшаи тасдиқшуда, Суди вилояти Суғд ҳисоботҳои омориро барои давраи ҳисоботии соли 2025 супориданд ва аз ҷониби Роҳбарияти Суди Олӣ як қатор эродҳо гирифта шуд, аз ҷумла муовинон ва судяҳои суди вилоят фаъолияти худро дар самти ташвиқоту тарғиботи ҳуқуқӣ суст ба роҳ монда, дар садо ва симо кам баромад карда, ичунин дар рӯзномаю маҷалаҳо камтар мақолаҳо ба чоп расонидаанд, вохӯрию сӯҳбатҳои баъзе онҳо низ кам мебошад.

Иҷроиши ҷаримаҳои судӣ дар суди вилоят низ ба талабот қисман ҷавобгӯ буда боқимондаи ҷаримаҳои иҷро нашуда, низ хеле зиёд мондааст ва ҷаримаҳои судии пардохтшударо тавассути бонк бори дигар санҷидан лозим аст.

Инчунин арзу шикоятҳо нисбати суди вилоят хеле зиед шудааст ва ҷамъбастиҳои амалияи судӣ низ ба талабот ҷавобгӯ набуда, бояд зиёд карда шавад. Вобаста ба баррасии парвандаҳои маданӣ дар марҳилаи якум таъинотҳои хусусӣ қабул карда нашудаанд.

Бекоршавии санадҳои судӣ кам шуда бошад ҳам, аммо дар соли 2025 20 ададро ташкил медиҳад, ки боиси нигарони мебошад.

Чунончӣ, Раиси суд муовинони раис ва судяҳои суди вилояти Суғдро таъкид намуд, ки барои бартараф намудани камбудиҳо чораҳои қонуни андешидан лозим аст ва муовинон, судяҳои суди вилояти Суғд дар навбати худ дар баромадҳояшон қайд карданд, ки эродҳо қабул ва барои бартараф намудани камбудиҳо дар нимсолаи якуми соли 2026 чораҳои иловагӣ меандешанд.

Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.