МАҶЛИСИ КОРИ
Санаи 19 январи соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.
Муовини якум раиси суд Ҳафиззода Т.М. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуда, аз судяҳои сапарастон талаб намуд, ки оиди натиҷаи қабули шаҳрвандон, ки санаи 17 январи соли 2026 дар судҳои шаҳру ноҳияҳо гузаронидаанд маълумот пешниҳод намоянд.
Инчунин муовини якуми раиси суд вобаста ба иҷроиши нақшаи корӣ оид ба гузаронидани ҷамъбастии
амалияи судӣ баромад карда, судяҳоеро, ки тибқи нақшаи корӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ ҷамъбастии амалияи судӣ вобаста ба парвандаҳои маданӣ ва парвандаҳои ҷиноятӣ вогузор карда шудаанд, таъкид намуд, ки иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи кории суди вилояти Суғд саривақт таъмин карда шаванд.
Илова бар ин муовини якуми Раиси суд мушовирони судро хотирасон намуд, ки тибқи нақшаи корӣ ҳар яки онҳо барои гузаронидани ҷамъбастиҳои амалияи судӣ вогузор карда шудаанд ва дар ҷамъоварии парвандаҳои марбут ба гузаронидани ҷамъбастиҳои амалияи судӣ аз судҳои шаҳру ноҳияҳо мусоидат намоянд, ҳангоми судҳои шаҳру ноҳияҳое, ки парвандаҳои судиро дар сурати хабар доштан аз талаб намудани парвандаҳо ба суди вилоят дидаю дониста парвандаҳоро дар муҳлати муқаррашуда равон намекунанд, нисбати онҳо гузориш омода намоянд.
Дар охир, қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул супурда шуд.
Суди вилояти Суғд 