СЕМИНАРИ ҲАРМОҲАИ СУДЯҲО ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲҲОИ СУДҲО

Санаи 30 январи соли 2026 дар маҷлисгоҳи суди вилояти Суғд семинари омӯзишии соҳавӣ баргузор гардид. Дар семинари мазкур Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р., раиси суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П., муовинони раис ва судяҳои суди вилояти Суғд, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва судяҳои суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, инчунин кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри 2025 сол “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, қайд намуд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат ибораи муқаддас ва пуршарафи «масъулияти ватан­созиву давлатсозӣ»-ро истифода карда, чунин ҳидояти меҳандӯстона намуданд: «Ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъми­ру тармим ва тозаву озода намояд».

Инчунин Раиси суди вилоят ҳар як судҳои шаҳру ноҳияҳоро таъкид намуд, ки дар асосӣ нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди Олӣ, Нақшаи дохилиидоравии худро таҳия, тасдиқ ва саривақт иҷроиши онро таъмин намоянд.

Дар идомаи семинари мазкур аз ҷониби судяҳо дар мавзӯҳои “Омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу вахдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва амалӣ кардани вазифаҳои дар он зикргардида”, “Ҳуқуқ ба моликият, асосҳои ба даст овардан ва қатъи ҳуқуқи моликият», Омӯзиши қарори Пленуми Суди Олӣ “Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки дар таҷрибаи судҳо баррасӣ намудани баҳсҳои оид ба ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматӣ пайдо мегарданд” (банди 39 Консепсия)”, “Ҷавобгарии маъмурӣ (моддаҳои 22-33 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон)”, “Аъзои оила эътироф намудан ва маскун намудан дар манзили истиқоматӣ (вобаста ба тағйироти воридшуда ба моддаи 24 Кодекси манзил)”, “Шакл ва мазмуни аризаи даъвогӣ, ҳуҷҷатҳое, ки ба аризаи даъвогӣ замима мегарданд, тартиби қабул ва оғози парвандаи иқтисодӣ, таҳияи таъиноти судӣ оид ба қабули аризаи даъвогӣ ва оғоз кардани истеҳсолоти парванда бо мисолҳои мушаххас” ва таҳлили сабабҳои тағйирёбӣ ва бекоршавии санадҳои судӣ маърӯзаҳо намуданд.

Инчунин кормандони дастгоҳ дар мавзӯҳои «Шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” аз 16 декабри соли 2025”, “Муҳлати баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ”, “Эътироф намудани моликияти умумии ҳиссагии якҷояи зану шавҳар ва тақсими он”, “Шарҳи боби 29 Кодекси мурофиаи мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарзандхондии кӯдак (моддаҳои 274-280)”, “Аҳамияти умуми ҷаҳонии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки дар суханронӣ дар мубоҳисаҳои 79-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 24 сентябри соли 2024 баён доштанд” баромад намуданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидор, донишҳои ҳуқуқӣ ва такмили малакаҳои амалии судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ ташкил шуда, ба иҷрои талаботи қонунгузории амалкунанда ва беҳтарсозии хизматрасонии судӣ равона гардидааст.