МАҶЛИСИ КОРӢ

Санаи 26 январи соли 2026 дар толори суди вилояти Суғд маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарияти суди вилоят, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок доштанд.

Раиси суд Рушанзода С.Р. маҷлисро кушода, рӯзномаи онро эълон намуд ва аз ҷониби Раиси суд Қарори Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонда дода шуда, қайд кард, ки Қарори мазкурро пурра омӯхта, иҷроиши онро таъмин намуда, дар корбарӣ истифодабарӣ карда шавад.

Инчунин Раиси суд вобаста ба Нақшаи кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2026 баромад намуда, қайд намуд, ки дар асоси Нақшаи мазкур, Нақшаи кории суди вилояти Суғдро таҳия ва таъмин карда шавад.

Илова бар ин Раиси суд қайд намуд, ки ҳар як банди Қарори Раёсат пурра ба иҷро расонида шуда, корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ бештар гузаронида шаванд, ки дар ин самт фаъолияти суд беҳбудиро талаб мекунад. Инчунин дар сурати ҷойдоштани асосҳои кофӣ ва дар доири талаботи қонун, аз натиҷаи баррасии парвандаҳои судӣ таъинотҳои хусусӣ ва пешниҳодҳо бештар қабул карда, маҷлисҳои сайёри судӣ, баромадҳо дар воситаҳои ахбори омма, чопи мақолаҳо дар рӯзномаю маҷалаҳо зиёд карда шуда, корҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақвият дода шаванд.

Дар охир қарори дахлдор қабул гардида, иҷрои он ба шахсони масъул вогузор карда шуд.