Вохӯри бо омӯзгорон ва хонандагони Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Санаи 05 феврали соли 2026 судяи Суди вилояти Суғд Искандарзод Абдулҳамид Искандар дар толори Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо омӯзгорон ва хонандагони ин коллеҷ вохури гузаронида, оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмонидани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Стратегияи давлати муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ суханрони намуд.
Дар охири ҷамъомад ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас доданд.

Суди вилояти Суғд 