Ҳамқадами замон

Охири ҳар сол Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад.

Дар ҳақиқат Паёми Пешвои муаззами миллат барои аҳли кишвар раҳнамою қутбнамост.

Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ҳамчунин дар бораи ёдгориҳои таърихӣ ва тамаддуни башарӣ фикру андешаи худро баён намуда, таъкид карданд, ки мардуми тоҷик таърихи бою ғанӣ дорад, ки муаррифгари мардуми сарбаланди кишвар ин ёдгориҳои таърихии халқи тоҷик аст.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ба Феҳристи ҷаҳонии Юнеско ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад.

Он ҳам боиси ифтихор аст, ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” қабул гардид.

Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди босуръати илму техника дар кишварамон шарҳу тавзеҳ дода таъкид карданд, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.

Парламенти кишварро вазифадор сохтанд, ки барои таъмини заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораву тадбирҳои иловагӣ андешанд. Хадамоти алоқаро муваззаф карданд, ки ҷиҳати амалисозии иқдоми созанда дар доираи “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи “Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Гумон мекунам, ки ин ҳар як шаҳрванди кишварро бетараф гузошта наметавонад. Зеро ин пешниҳодҳо баҳри он равона мегарданд, ки натанҳо барои рушди кишвар, балки барои рушди шахсии худ андешаронӣ карда, баробари замон қадам ниҳад.

                                                                   Завқиддин БОБОКАЛОНЗОДА

                                                                  судяи суди вилояти Суғд